Роберт Левандовски, ҳамлагари “Бавария”-и Мюнхени Олмон ва мунтахаби Лаҳистон, аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷии World Football Summit (Саммити ҷаҳонии футбол) миёни корбарони сомонаи As.com ва ҳакамони вижа беҳтарин футболбози сол эълон шуд.
Левандовски дар ин назарсанҷӣ аз ҳамдастааш Ҷошуа Киммих ва капитан ё сарвони тими "Барселона"-и Испания Лионел Месси, ки дар ҷойи севум қарор гирифт, пеш гузашт.
Ҷоиза ба Левандовски дар режими виртуалӣ рӯзи 27-уми ноябр супорида мешавад. Ӯ дар 30 бозии қаҳрамонии Олмон 2019/20 34 гол, инчунин дар Лигаи қаҳрамонҳо 15 гол задааст.
Ёдовар мешавем, қаблан нашрияи Goal феҳристи беҳтарин футболбозони ҷаҳонро дар соли 2020 тартиб дода буд. Ҳамлагари бошгоҳи "Бавария" Роберт Левандовски беҳтарин бозигари сол дониста шуд.
Дар ин феҳрист ҷойи дувумро нимҳимоятгари дастаи "Манчестер Сити"-и Англия Кевин Де Брюйне ишғол кард. Ҷойи севумро ҳамлагари тими "Барселона"-и Испания Лионел Месси касб намуд.
Неймари бразилӣ аз дастаи “Пари Сен-Жермен” (ПСЖ)-и Фаронса дар ҷойи чаҳорум ва Криштиану Роналдуи португалӣ аз тими “Ювентус”-и Италия дар ҷойи 5-ум қарор гирифтанд.
Пернилла Ҳардери даниягӣ, ки дар бошгоҳи «Челси»-и Англия бозӣ мекунад, дар байни занон беҳтарин дониста шуд. Ҷойи дувум насиби намояндаи Ҳолланд Вивианна Мидема аз тими “Арсенал”-и Англия) гардид. Ҷои севумро Люсия Бронзи англис аз бошгоҳи “Манчестер Сити»-и Англия ишғол кард.