Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Токио дигар ба таъхир гузошта намешавад


JAPAN -- The Olympic Rings monument in front of the Japan Olympic Committee headquarters in Tokyo, March 24, 2020
JAPAN -- The Olympic Rings monument in front of the Japan Olympic Committee headquarters in Tokyo, March 24, 2020

Бозиҳои олимпӣ дар Токио, ки бо сабаби COVID-19 ба соли 2021 мавқуф гузошта шудааст, сарфи назар аз он ки ҷаҳон то ҳоло муборизаро бо пандемияи коронавирус анҷом надодааст, дар замони муқарраршуда доир мегардад.

Дар ин бора раҳбари Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах ва сарвазири Ҷопон Йошиҳиде Суга дар Токио ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад нашрияи Deutsche Welle.

Суга изҳори итминон кард, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио тобистони соли оянда баргузор мешаванд. Бах ба сарвазир барои талошҳояш ташаккур гуфт ва таъкид кард, ки ҷашнвораи варзишӣ дар давраи баъди коронавирус рамзи ҳамбастагӣ хоҳад шуд. Тибқи иттилои оҷонсии Kyodo, Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои таъмини варзишгарон ва меҳмонони Бозиҳо бо ваксинаи коронавирус кӯмак хоҳад кард.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ мебоист соли 2020 дар Токио баргузор мешуданд, аммо 24-уми марти соли равон Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба сабаби пандемияи коронавирус ба таъхир афтодани Олимпиадаро эълон кард.

XS
SM
MD
LG