Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави ҷудои Тоҷикистон маълум шуданд


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо рӯзҳои 13-15-уми ноябр дар шаҳри Душанбе, дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ, баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) ва минтақаи Рашт иштирок карданд. Қаҳрамонҳои нави ҷудои Тоҷикистон аз рӯи ҳафт вазн миёни мардон ва ду вазн миёни занон муайян шуданд.

Бештари медалҳоро варзишгарони дастаи Душанбе ба даст оварданд – 27 (8 тилло, 8 нуқра, 11 биринҷӣ), ШНТМ як тиллову як биринҷӣ, Хатлон-2 як тилло, Душанбе-1 як нуқраву ду биринҷӣ, Бадахшон як нуқраву як биринҷӣ, Суғд ду биринҷӣ, Хатлон-1, Рашт яктоӣ медали биринҷиро сазовор гардиданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар байни мардон паҳлавонон Абумуслим Қаюмзода (вазни то 60 кг), Баҳром Сӯфиев (то 66 кг), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (то 73 кг), Ҳақназар Назаров (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг), Фирдавс Насимов (то 100 кг) ва Хуршед Маҷидов (беш аз 100 кг) ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Дар сабқати занон Аҳлия Муъминова дар вазни то 57 кило ва Шоҳида Қаландарова дар вазни то 70 кило бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон паҳлавонони маъруфи тоҷик, ба мисли Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов ва дигарон, ки барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд, ширкат надоштанд.

Бояд гуфт, ки ба иллати пандемияи COVID-19 мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо бе ҳузури тамошобинон дар толор сурат гирифт.

Зимнан, ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) баргузории ҳамаи силсиламусобиқаҳои ҷудои ҷаҳонӣ дар соли равон ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуд.

"Пас аз бозгашти бомуваффақият ба мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Маҷористон дар охири моҳи октябр, IJF умедвор буд, ки ҳадди аққал боз як чорабинии ҷаҳонии ҷудо - Гран-прии Загреб то охири сол доир карда шавад, вале, мутаассифона, бӯҳрони ҷаҳонии тандурустӣ дар аксар минтақаҳои ҷаҳон шиддат мегирад. Дар чунин шароит IJF ба хулосае омад, ки дар соли ҷорӣ ягон силсилачорабинии ҷаҳониро баргузор накунад", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо дар соли 2020:

Мардон

-60 кг

1. Абумуслим ҚАЮМЗОДА

2. Сарвар АБДУШУКУРОВ

3. Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ

4. Саъдӣ СОБИРЗОДА

-66 кг

1. Баҳром СӮФИЕВ

2. Муҳаммадисо РАҶАБОВ

3. Масъуди АҲМАДЗОД

3. Фурқат МУБОРАКҚАДАМОВ

-73 кг

1. Муҳаммадшариф НАҶМИДДИНОВ

2. Қоим ШУКРОНОВ

3. Муҳаммадиқбол ТОШЕВ

3. Алӣ БОҚИЕВ

-81 кг

1. Ҳақназар НАЗАРОВ

2. Оламафрӯз АБДУРАҲМОНОВ
3. Ҳамроз РАҶАБОВ

3. Умар РАСУЛОВ

-90 кг

1. Ҷаҳонгир МАҶИДОВ

2. Комрон КАРЛИКОВ

3. Сабрулло ҲИКМАТУЛЛОЕВ

3. Исроил РАҲИМОВ

-100 кг

1. Фирдавс НАСИМОВ

2. Носир ШЕРХОНОВ

3. Мансур РАҲМОН

3. Эмомризо АНВАРЗОДА

+100 кг

1. Хуршед МАҶИДОВ

2. Толибҷон ТОҲИРОВ

3. Умед КАМОЛОВ

3. Бобоҷон БОБОЕВ

Занон

-57 кг

1. Аҳлия МУЪМИНОВА

2. Шукрона ҚАРЧИЕВА

3. Ватансу ШАКАРШОЕВА

3. Ҷаннатзо ҚУРБОНАЛИЕВА

-70 кг

1. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА

2. Фазилат ГУЛБОЕВА

3. Гулафзо ГУЛОВА

3. Мавлуда ОДИНАЕВА

Бори аввал дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба ҷудо рақобатҳои дастаӣ баргузор шуд, ки натиҷааш чунин аст:

1. Душанбе

2. Суғд

3. Рашт

XS
SM
MD
LG