Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омори расмӣ: Дар ҳафт моҳ дар Тоҷикистон 85 кас аз коронавирус ҷон бохтаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба омори расмӣ, дар ҳафт моҳи охир дар Тоҷикистон 85 кас бар асари бемории СОVID-19 ҷон бохтаанд. Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон 13-уми ноябр гуфтанд, дар шабонарӯзи гузашта 38 мавриди собитшудаи бемориро сабт кардаанд. Шумори умумии беморон аз 30-юми апрел то 13-уми ноябр ба 11534 нафар расидааст. Аммо мутахассисон омори Вазорати тандурустиро шубҳабарангез номида гуфтаанд, ки миқёси сирояти коронавируси нав ва талафот аз он дар Тоҷикистон ба маротиб зиёд аст. Мақомот ба дуруст будани омори расмӣ пофишорӣ доранд ва мегӯянд, дар ин муддат 10894 нафар шифо ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG