Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ғолибони озмуни Радиои Озодӣ ҷоизаҳо супурда шуд. ВИДЕО


Ғолибони озмуни "Лаҳзаҳои интихобот-2020"

Ҷоизаҳои озмуни "Лаҳзаҳои интихобот-2020" ба барандагони он тақдим карда шуд. Дар арафаи интихоботи порлумонии 1--уми Тоҷикистон Радиои Озодӣ озмуни беҳтарин видеоҳоро бахшида ба ин маърака эълон карда буд. Маросими тақдими ҷоизаҳо ба барандагони ин озмун рӯзи 12-уми ноябр дар Дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Муҳаммадвафо Ризозода, масъули Дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе дар ин маросим гуфт, "даҳҳо нафар дар ин сабқат ширкат карданд ва 14 навор ба марҳалаи баҳодии доварон роҳ ёфт. Ба сабаби пандемияи фарогир ҷамъбасти озмун ба таъхир афтод ва 9-уми сентябр дар Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон натиҷаҳои озмун эълон шуд".

Доварони озмун баландтарин баҳоро ба видеои #4 доданд, ки дар он на танҳо лаҳзаи омодагӣ ба раъйдиҳӣ сабт шуда, балки суолу ҷавобе ҳам дорад. Навори "Ба ҷойи занам овоз медиҳам" ҳамчунин аз як қонуншинканӣ дар ҷараёни интихобот пешгирӣ намудааст. Муаллифи навор хабарнигори шинохтаи тоҷик Абдуллоҳи Ғурбатӣ аст ва акнун соҳиби ҷоиза – видеокамераи нимаҳирфаӣ гардид.

Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:

Ба ғолибони озмуни Радиои Озодӣ ҷоизаҳо тақдим шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Абдуллоҳи Ғурбатӣ, дар ин маросим гуфт, ки "мақсади ман вақте ин видеоро мебардоштам, иштирок кардан дар озмуни Озодӣ набуд. Вақте ман ба ҳайси шаҳрванд дар чунин як маъракаи муҳими сиёсӣ тақаллубро мебинам, канор истода наметавонистам. Ман ба телефонам сабт кардаму дар саҳфаам дар "Фейсбук" гузоштам. Баъдан дустонам тавсия доданд, ки ба озмун ҳам фиристам".

Ҷойи дувумро дар озмуни "Лаҳзаҳои интихобот" навори "Дар назди қуттии раъйдиҳӣ чӣ иттифоқ афтод?" гирифт. Муаллифи навор сокини шаҳри Душанбе Наргис Соҳибова аст, ки соҳиби навъи охирини планшет гардид.

Ҷои севумро дар Озмун ҳайати доварон бо иттифоқи оро навори "Назари тоҷикони Маскав дар бораи интихобот"-ро доданд. Дар ин навор аз чанд муҳоҷири тоҷик дар кӯчаҳои Маскав пурсида мешавад, ки оё дар интихобот ширкат карданд, ё не.

Муаллифони он Камолхон Файзуллоев ва Суҳроби Ҷаҳон соҳиби смартфон шуданд. Бо сабаби он, ки онҳо дар Русия қарор доранд, бародарашон Имомҷон Азимов аз тарафи онҳо туҳфаро дастрас кард.

Имомҷон Азимов гуфт, "хушҳолам ки манро ба инҷо даъват намудед ва аз номи бародарам ба шумо миннатдорӣ мерасонам. Хушҳол ҳастам".

Радиои Озодӣ дар арафаи интихоботи президентӣ ҳам озмун эълон карда буд ва дар оянда натиҷаҳои онро эълон хоҳад кард.

Соли гузашта ҳам Радиои Озодӣ озмуни "Деҳи ман як пораи хоки Ватан"-ро баргузор карда буд.

Дар назар аст, ки Радиои Озодӣ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон озмуни дигареро ҳам эълон кунад.

XS
SM
MD
LG