Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашрияи "Goal" беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2020-ро муайян кард


Роберт Левандовски.
Роберт Левандовски.

Нашрияи Goal феҳристи беҳтарин футболбозони ҷаҳонро дар соли 2020 тартиб дод. Ҳамлагари бошгоҳи "Бавария"-и Мюнхени Олмон Роберт Левандовски беҳтарин бозигари сол дониста шуд.

Дар ин феҳрист ҷойи дувумро нимҳимоятгари дастаи "Манчестер Сити"-и Англия Кевин Де Брюйне ишғол кард. Ҷойи севумро ҳамлагари тими "Барселона"-и Испания Лионел Месси касб намуд.

Неймари бразилӣ аз дастаи “Пари Сен-Жермен” (ПСЖ)-и Фаронса дар ҷойи чаҳорум ва Криштиану Роналдуи португалӣ аз тими “Ювентус”-и Италия дар ҷойи 5-ум қарор доранд.

Пернилла Ҳардери даниягӣ, ки дар бошгоҳи «Челси»-и Англия бозӣ мекунад, дар байни занон беҳтарин дониста шуд. Ҷойи дувум насиби намояндаи Ҳолланд Вивианна Мидема аз тими “Арсенал”-и Англия) гардид. Ҷои севумро Люсия Бронзи англис аз бошгоҳи “Манчестер Сити» ишғол кард.

Даҳгонаи беҳтарин футболбозони ҷаҳон миёни мардон ба назари нашрияи Goal:

1. Роберт Левандовски (Полша, «Бавария» Мюнхен);

2. Кевин Де Брюйне (Белгия, «Манчестер Сити»);

3. Лионел Месси (Аргентина, “Барселона”);

4. Неймар (Бразилия, ПСЖ);

5. Криштиану Роналду (Португалия, “Ювентус”);

6. Килиан Мбаппе (Фаронса, ПСЖ);

7. Вирҷил Ван Дейк (Нидерланд, «Ливерпул»);

8. Карим Бензема (Фаронса, «Реал Мадрид»);

9. Томас Мюллер (Олмон, «Бавария» Мюнхен);

10. Садио Мане (Сенегал, “Ливерпул”).

XS
SM
MD
LG