Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дувуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 моҳи июни соли оянда ба анҷом мерасад


Бозӣ миёни мунтахабҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Ҷопон. Акс аз бойгонӣ.
Бозӣ миёни мунтахабҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Ҷопон. Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) санаҳои баргузории бозиҳои боқимондаи даври дувуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022-ро тасдиқ кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи кумитаи мусобиқоти АFC, ки рӯзи чоршанбе, 11-уми ноябр, тариқи онлайн баргузор шуд, ба мувофиқа расиданд, ки ҳамаи бозиҳои даври дувуми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бояд то 15-уми июни соли 2021 ба анҷом расанд.

Бозиҳои даврҳои ҳафтум ва ҳаштум моҳи марти соли оянда ва бозиҳои даври нӯҳуму даҳум моҳи июн баргузор мешаванд. Даври ниҳоии сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё моҳи сентябри соли 2021 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, барои мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» се бозии дигар мондааст. Футболбозони тоҷик дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, баъдан дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва сипас дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳанд кард.

Ҳоло дар гурӯҳи “F» мунтахаби Ҷопон бо 12 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳафтимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро касб кардаанд.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон 4-уми ноябр бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев барои баргузор кардани бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Дубай сафар кард.

Мунтахаби Тоҷикистон 7-уми ноябр аз мунтахаби Баҳрайн бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Бозии дувуми дӯстонаи футболбозони тоҷик дар Дубай имрӯз,12-уми ноябр, бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки ин ду бозии санҷиширо дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 анҷом медиҳад.

Кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё, инчунин Низомномаи мусобиқотро барои Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ва Ҷоми AFC-2021, инчунин тақвими нави Ҷоми AFC-2021-ро тасдиқ кард. Кумитаи мусобиқоти АFC розӣ шуд қаҳрамонии Осиё, ки қаблан ба таъхир афтода буд, аз 3-юм то 20-уми марти соли 2021 дар Узбекистон баргузор шавад.

Ҳамчунин ба қоидаҳои ширкат дар қаҳрамонии Осиё миёни наврасон (U-16) дар Баҳрайн тағйирот ворид гардид, ки тибқи он ба бозигарони моҳи январ ва баъди 1-уми январи соли 2004 таваллудшуда барои ширкат дар ин мусобиқа иҷозат дода мешавад.

Санаҳои баргузории қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16), ки ба соли дигар мавқуф гузошта шудааст, бояд мавриди муҳокима ва тасдиқи иловагӣ қарор гирад.

XS
SM
MD
LG