Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари тоҷик аз номи Русия ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷудои Аврупо шуд


Ёқубҷон Назиров, паҳлавони тоҷики муқими Русия.
Ёқубҷон Назиров, паҳлавони тоҷики муқими Русия.

Ёқубҷон Назиров, варзишгари тоҷик, ки дар қаҳрамонии Аврупо оид ба ҷудо байни ҷавонони то 23-сола дар Поречи Хорватия Русияро намояндагӣ кард, медали нуқра ба даст овард. Ӯ, ки солҳои ахир дар вилояти Свердловск ба сар мебарад, дар вазни то 90 кило рақобат кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи ҷудои Русия, Ёқубҷон Назиров - ғолиби қаҳрамонии Русия-2020 дар байни варзишгарони то 23-сола баъди чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш Маринус Ван Де Вен (Ҳолланд), Димитрий Николис (Сербия), Мартин Бездек (Ҷумҳурии Чех) ва Роланд Гоз (Маҷористон) ба финал роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Лука Майсурадзе (Гурҷистон) мағлуб гашт ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Ёдовар мешавем, дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 9-10-уми ноябр доир гашт, дар ҳайати мунтахаби Русия Маҳмадбек Маҳмадбеков, варзишгари тоҷиктабор, медали нуқра ба даст овард. Ӯ, ки дар вилояти Иркутск ба сар мебарад, дар ҳайати мунтахаби Русия дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило иштирок кард.

Маҳмадбеков бар рақибонаш Артҷоис Галактионов (Латвия), Салвадор Касис (Испания), Орон Гинер (Испания ва Коен Ҳег (Ҳолланд) ғолиб омада, ба финал роҳ пайдо намуд. Вале ӯ қувваозмоии ниҳоиро ба Виктор Стерпу (Молдова) бохт ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Инчунин боз як варзишгари тоҷик - Муллораҷаб Халифаев, ҷоизадори Ҷоми ҷаҳонии ҷудо дар Обервалте-2020, ки феълан дар Русия зиндагӣ мекунад, дар мусобиқаи қитъавӣ дар Хорватия дар вазни то 66 кило рақобат кард. Ӯ дар даври аввал озод буд. Баъдан бар Георгиос Баларҷишвили (Кипр) ғолиб омада, сипас аз Руслан Османов шикаст хӯрд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо, ки шоми сешанбеи 10-уми ноябр ба поён расид, беш аз сесад варзишгари то 23-сола аз 36 кишвар ширкат дошт.

Дар сабқати мардон дар ҳисоби умумидастаӣ (мардону занон) мунтахаби Гурҷистон бо касби 8 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Фаронса бо касби 6 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Ҳолланд бо касби 5 медал (2 тилло ва 3 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол карданд. Мунтахаби Русия бо касби 6 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ) чаҳорум шуд.

Мусобиқоти қитъавӣ байни варзишгарони то 23-сола бо ибтикори Иттиҳоди Аврупо оид ба ҷудо аз соли 2003 инҷониб баргузор мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии Аврупо оид ба ҷудо байни ҷавонони то 23-сола дар Порчеи Хорватия:


Мардон

-60 кг
1. СИМЕНДИОНИС Константин (Русия)
2. НОЗАДЗЕ Темур (Гурҷистон)
3. БАЙРАМОВ Туран (Озарбойҷон)
3. ПАПИНАШВИЛИ Ҷаба (Гурҷистон)

-66 кг
1. МИТСЕЛИ Маттиа (Италия)
2. КЛАКАР Роберт (Хорватия)
3. НИНИАШВИЛИ Баграти (Гурҷистон)
3. ОСМАНОВ Нурлан (Озарбойҷон)

-73 кг
1. СТЕРПУ Виктор (Молдова)
2. МАҲМАДБЕКОВ Маҳмадбек (Русия)
3. ЭЛБАЗ Йехонатан (Исроил)
3. ВАН ДЕР КОЛК Янник (Нидерланд)

-81 кг
1. ГРИГАЛАШВИЛИ Тато (Гурҷистон)
2. ВИТТВЕР Лукас (Швейтсария)
3. АХАЛКАТСИ Владимир (Гурҷистон)
3. МАНУКЯН Гиевор (Украина)

-90 кг
1. МАЙСУРАДЗЕ Лука (Гурҷистон)
2. НАЗИРОВ Еқубҷон (Русия, вилояти Свердловск)
3. ГОЗ Роланд (Венгрия)
3. МАТЙЕ Алексис (Фаронса)

-100 кг
1. МАДСЕН Матиас (Дания)
2. ВЭГ Зсомбор (Венгрия)
3. САНЕБЛИДЗЕ Онис (Гурҷистон)
3. СЕРБАН Эдуард (Руминия)

+100 кг
1. СИПОЧ Ричард (Венгрия)
2. ЗААЛИШВИЛИ Гела (Гурҷистон)
3. ФАЙЗИЕВ Ҷамол (Озарбойҷон)
3. КАИТОВ Кемал (Русия)

XS
SM
MD
LG