Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон сокинон хун мефурӯшанд, то ғизо бихаранд


Дар долони яке аз бемористонҳо дар ноҳияи Фароғати шаҳри Ишқобод, 9 апрели соли 2014

Буҳрони иқтисодӣ ва ғизоӣ дар авҷи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус бархе аз шаҳрвандони Туркманистонро маҷбур сохтааст, ки хун бифурӯшанд. Дар ин бора хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Лебап иттилоъ дод.

"Тайи ҳафтаҳои ахир ҳар рӯз дар марказҳои ҷамъоварии хуни бемористонҳои Туркманобод ва ноҳияи Фороб даҳҳо шаҳрванди Туркманистон ҷамъ мешаванд", - иттилоъ дод хабарнигор.

Ба гуфтаи хабарнигор, ин шаҳрвандон бар ивази 1 грамм хуни худ аз давлат 2 манат ва аз наздикони беморон 2 манат дарёфт мекунанд. "Тақрибан ҳамаи онҳое, ки хуни худро мефурӯшанд, ҷои кор надоранд ва бо пули хун барои хонаводаҳояшон ғизо мехаранд. Онҳо хун медиҳанд, то орд, нон ва картошка бихаранд", - афзуд хабарнигор.

Буҳрони иқтисодӣ дар Туркманистон беш аз 3 сол аст, идома дорад. Вазъи иқтисодии сокинони ин кишвар баъди эъломи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, басташавии марзҳо ва маҳдуд гаштани равуои дохилии шаҳрвандон бадтар шуда, норасоии маводи ғизоӣ пеш омадааст.

XS
SM
MD
LG