Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, дар Маркази таълимии Бонки миллӣ, ба ҷамъомади таълмиву тамринӣ шуруъ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоыикистон, ба ин ҷамъомад, ки то рӯзи 16-уми ноябр идома хоҳад кард, аз се бошгоҳи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 18 бозигар - 3 дарвозабон ва 15 бозигари майдонӣ - даъват шудааст.
Аз рӯи натиҷагирии ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон ҳайати ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи дӯстона дар Тошканд муайян карда мешавад. Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо тимҳои миллии Қирғизистон (18-уми ноябр) ва Узбекистон (19-уми ноябр) бозӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон дар 16-умин мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё, ки аз 23-юми март то 3-юми апрели соли оянда дар Кувайт баргузор мешавад, дар гурӯҳи “А” рақобат хоҳад кард. Рақибони дастаи Тоҷикистон тимҳои миллии Туркманистон, Ветнам ва Умон мебошанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Муродулло Алиқулов («Соро компания»), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»);
Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Собирҷон Гулаков, Баҳодур Хоҷаев, Иқбол Воситзода, Алишер Сафаров, Раҳмоналӣ Шарипов, Парвиз Раҳматов (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Умед Қузиев, Идрис Ёров (ҳама аз «Соро компания»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Идиев, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Муҳоҷир»).
Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).
Мусобиқаи дӯстона оид ба футзал дар Тошканд
17-уми ноябр (сешанбе)
Узбекистон – Қирғизистон
18-уми ноябр (чоршанбе)
Қирғизистон – Тоҷикистон
19-уми ноябр (панҷшанбе)
Узбекистон – Тоҷикистон
Эй хамватанон миллати ман хор шудаст Айби дигарон ба гарданаш бор шудаст Эй хамнафасон санги газабро шиканед Хоки Ватанам зи мурда безор шудаст ******** Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд, Дар кишвари хунинкафанон раҳ накушояд. Булбул ба чаман нағмаи шодӣ насарояд, Мотамзадагонро лаби пурханда нашояд. Хун медамад аз хоки шаҳидони Ватан, вой Эй вой Ватан, вой!
Изаат Аммон озоди мехохем со
Ethnic cleansing is well underway.
Талаби адолат гуноҳ нест, аммо роҳро баста ба дигарон мушкили эҷод кардан, бар зидди кормандони мақомот муқовимати мусалаҳона нишон додан ҷиноят аст, дар Фаронса ҳам Жилетони Зардпӯшро пулис бо тирҳои резини, дубинка ва гази ашковар зада пароканда кард, ҳатто журналистҳоро ҳам заданд. Умуман дар тамоми ҷаҳон пеши роҳи ингуна бетартибиро бераҳмона мегиранд.
сафирони гарби факат "изхори нигарони" мекунанду халос - ба мисли пешина ба хукумати Рахмон милионхо кумак мекунанд то ки мисли афгонистон нашавад... ин бармеояд ки онхо душмани халки точиканд ва дусти рахмон