Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари тоҷиктабор аз Русия барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷудои Аврупо шуд


Маҳмадбек Маҳмадбеков.
Маҳмадбек Маҳмадбеков.

Маҳмадбек Маҳмадбеков, варзишгари тоҷиктабор аз Русия, дар қаҳрамонии Аврупо оид ба ҷудо байни ҷавонон дар Хорватия медали нуқра ба даст овард. Ӯ, ки дар вилояти Иркутск ба сар мебарад, дар ҳайати мунтахаби Русия дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило иштирок кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи ҷудои Русия, Маҳмадбек Маҳмадбеков бар рақибонаш Артҷоис Галактионов (Латвия), Салвадор Касис (Испания), Орон Гинер (Испания ва Коен Ҳег (Нидерланд) пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Виктор Стерпу (Молдова) мағлуб гашт ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Маҳмадбек, ки амакбачаи паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков мебошад, порсол дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Аврупо гардида буд.

Дар ҳайати мунтахаби Русия боз ду варзишгари тоҷик – Муллораҷаб Халифаев – ҷоизадори Ҷоми ҷаҳонии ҷудо дар Обервалте-2020 ва Ёқубҷон Назиров – ғолиби қаҳрамонии Русия-2020 дар байни варзишгарони то 23-сола дохиланд, ки феълан дар Русия зиндагӣ мекунанд.

Халифаев рӯзи 9-уми ноябр дар вазни то 66 кило рақобат кард. Ӯ дар даври аввал озод буд. Баъдан бар Георгиос Баларҷишвили (Кипр) ғолиб омада, сипас аз Руслан Османов аз Озарбойҷон шикаст хӯрд.

Назиров бошад, имрӯз, 10-уми ноябр, ба рақобат мепардозад. Бар асоси қуръакашӣ Ёқубҷон дар даври аввал бо Ван Де Ден (Нидерланд) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо, ки шоми сешанбе ба поён мерасад, беш аз сесад варзишгари то 23-сола аз 36 кишвар ширкат дорад. Мусобиқоти қитъавӣ байни варзишгарони то 23-сола бо ибтикори Иттиҳоди Аврупо оид ба ҷудо аз соли 2003 инҷониб баргузор мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии Аврупо оид ба ҷудо байни ҷавонони то 23-сола дар Хорватия дар се вазн:


Мардон

-60 кг
1. СИМЕНДИОНИС Константин (Русия)
2. НОЗАДЗЕ Темур (Гурҷистон)
3. БАЙРАМОВ Туран (Озарбойҷон)
3. ПАПИНАШВИЛИ Ҷаба (Гурҷистон)

-66 кг
1. МИТСЕЛИ Маттиа (Италия)
2. КЛАКАР Роберт (Хорватия)
3. НИНИАШВИЛИ Баграти (Гурҷистон)
3. ОСМАНОВ Нурлан (Озарбойҷон)

-73 кг
1. СТЕРПУ Виктор (Молдова)
2. МАҲМАДБЕКОВ Маҳмадбек (Русия)
3. ЭЛБАЗ Йехонатан (Исроил)
3. ВАН ДЕР КОЛК Янник (Нидерланд)

XS
SM
MD
LG