Хушқадам рӯзи якшанбеи 8-уми ноябр дар риштаи самбои варзишӣ дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило нахуст аз рақибаш Александр Матайси русиягӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Баъдан ӯ дар даври тасаллобахш бар Небоҷса Николиси сербиягӣ ғолиб омада, барои ҷойи севум Фарҳод Абжалиеви қирғизро мағлуб кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Дар вазни то 62 кило дар финал Александр Матайси русиягӣ ва Давлатҷон Ҳамроеви узбек барои унвони қаҳрамони ҷаҳон мубориза мебаранд.
Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “Хушқадам Хусравов дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни бузургсолон борҳо соҳиби ҷоизаҳо гаштааст. Соли 2018 ӯ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, барандаи медали тилло гардида буд. Порсол вай медали биринҷӣ ба даст овард. Зимнан, Хусравов баъди Сайидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода севумин гуштигир аз Тоҷикистон аст, ки ба унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни бузургсолон оид ба самбои варзишӣ мушарраф шудааст. ”
Ёдовар мешавем, қаблан дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни бузургсолон дар Сербистон Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило бо медали нуқра ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шудаанд.
Инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербиcтон дар риштаи самбои варзишӣ миёни наврасон Тоҷикистонро Самеъҷон Абдушукуров дар вазни то 87 кило муаррифӣ кард. Ӯ низ соҳиби ҷоиза гардид. Самеъҷон барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни мардону занон, ки дар Сербистон ҳамроҳ бо қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон шаби якшанбеи 8-уми ноябр ба поён мерасад, ҳудуди 400 варзишгар аз наздики 30 кишвар оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ ширкат дорад.
"Федератсияи байналмилалии самбо ҳамеша ҷонибдори баргузории ҳадди аксари мусобиқоти самбо дар сатҳи байналмилалӣ буд, вале пандемияи COVID-19 ба иҷро нашудани нақшаи чорабиниҳои мо таъсир гузошт. Ман ба Федератсияи самбои Сербия, ки розӣ шуд мизбони ду мусобиқаи бузург шавад, миннатдорӣ баён мекунам. Федератсияи самбои Сербия дар баргузории мусобиқоти байналмилалӣ таҷрибаи кофӣ дорад ва ин ду чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор шудааст", - иброз намуд президенти FIAS Василий Шестаков.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки мусобиқот тибқи "Дастурамали Федератсияи самбо ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва пешгирӣ аз пандемияи COVID-19 доир шудааст, яъне бо дарназардошти маҳдудият ва гаштугузори варзишгарон дар шаҳр, ҳамчунин риояи чораҳои бехатарӣ ва фосилаи иҷтимоӣ дар толори варзишӣ.
Ба иттилои сомонаи расмии FIAS, неш аз мусобиқот, рӯзи 5-уми ноябр, дар Нови-Сади Сербистон конгресси навбатии ХХХII Федератсияи байналмилалии самбо доир гардид. Бо сабаби пандемияи COVID-19 қарор қабул карда шуд, ки ин чорабинӣ дар шакли гибридӣ гузаронида шавад - баъзе вакилон шахсан ҳузур доштанд, баъзеҳо - фосилавӣ, тавассути пайванди алоқаи видеоӣ. Умуман, дар конгресс намояндагони 70 кишвар ширкат варзиданд.
Конгресс ба оинномаи ташкилот як қатор ислоҳот ворид кард. Ноиби президенти FIAS Сергей Елисеев аз номи Федератсияи умумирусиягии самбо аз ҳозирин хоҳиш кард, ки номзадии президенти феълии Федератсияи байналмилалии самбо Василий Шестаковро дар робита ба тамдиди ваколатҳояш то моҳи ноябри соли 2025 дастгирӣ намоянд. Номзадии Шестаковро вакилон якдилона дастгирӣ карданд.