Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо Баҳрайну Иморот ба Дубай расид


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон имрӯз, 4-уми ноябр, бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев барои баргузор кардани бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Дубай сафар кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки дар Душанбе шаш рӯз идома ёфт, рӯзи чоршанбе ба Дубай парвоз кард. Ба ҳайати даста 26 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар – шомиланд.

Ҳангоми расидан ба Дубай, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” ҷойгир шуд. Бегоҳи чоршанбе даста тамрин мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон 7-уми ноябр бо мунтахаби Баҳрайн ва 12-уми ноябр бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мекунад. Ҳарду бозии дӯстона дар Дубай доир мегардад.

Нимҳимоятгари «Локомотив»-и Пловдиви Булғористон Парвизҷон Умарбоев баъди бозии аввали дӯстона рӯзи 8-уми ноябр дар Дубай ба мунтахаби Тоҷикистон мепайвандад. Зимнан, 3-юми ноябр “Локомотив” дар бозии даври 1/16 финали Ҷоми Булғористон бар тими «Загоретс» бо ҳисоби 4:3 ғолиб шуда, ба даври баъдӣ роҳ пайдо кард. Дар ин бозӣ яке аз голҳои «Локомотив»-ро футболбози тоҷик ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки ин ду бозии санҷиширо дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, барои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» се бозии дигар мондааст. Ба иллати пандемияи коронавирус бозиҳои чаҳор даври охирини марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли оянда мавқуф гузошта шуд.

Футболбозони тоҷик дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, баъдан дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва сипас дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳанд кард.

Ҳоло дар гурӯҳи “F» мунтахаби Ҷопон бо 12 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳафтимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро касб кардаанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эгашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Алишер Баротов («Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммаджон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарсе аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ Усмон Тошев.

XS
SM
MD
LG