Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтарин дарвозабон ва ҳамлагари мавсими футболи Тоҷикистон-2020 муайян шуданд


Манучеҳр Ҷалилов, бозигари дастаи "Истиқлол".

Шарики расмии Лигаи футболи Тоҷикистон - Ширкати байналмилалии букмекерӣ Parimatch (Париматч) ғолибони мавсими футболи соли 2020 дар ин кишварро муайян кард.

Тибқи гузориши Parimatch, дарвозабони 22-солаи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсими соли 2020 дониста шуд.

Бозигари дастаи "Истиқлол" ва тими мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ҳамалагари беҳтарини мавсими соли 2020 эътироф гашт.

Ӯ дар мавсими соли равон дар 28 бозӣ дар ҳайати «Истиқлол» 26 гол задааст, аз он ҷумла вай дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон 16 гол, дар Ҷоми кишвар 4 гол, дар Суперҷоми ҷумҳурӣ 1 гол, дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) 2 гол ва дар бозиҳои дӯстона 3 гол ба самар расонидааст.

Дар маҷмӯъ, Манучеҳр Ҷалилов дар 28 бозии баргузоршуда 2134 дақиқаро дар майдон гузаронидааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG