Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хатлон"-и Бохтар қаҳрамони Тоҷикистон миёни дастаҳои духтарони то 17-сола шуд


Дастаи духтаронаи "Хатлон"-и Бохтар.
Дастаи духтаронаи "Хатлон"-и Бохтар.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни духтарони то 17-сола бо пирӯзии дастаи "Хатлон"-и Бохтар ба анҷом расид.

Мусобиқа дар ду давра бо иштироки шаш даста доир гардид. Дастаи ғолиб дар даври ниҳоӣ муайян шуд. Дастаи “Хатлон”, ки дар даври даҳум бар тими “Навбаҳор”-и Мастчоҳ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, бо касби 25 имтиёз ҷойи аввалро азони худ кард.

Дастаи мактаби махсуси футболи вилояти Суғд, ки дар даври охирин бар тими “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 1: 0 пирӯз шуд, мақоми дувумро соҳиб гашт. Шогирдони ин мактаб низ 25 имтиёз гирифтанд, аммо бо дарназардошти натоиҷи бозиҳои ду дастаи пешсаф «Хатлон» бартарӣ дошт, бинобар ин Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло ба бохтариҳо супурда шуд. Дастаи мактаби махсуси футболи вилояти Суғд бо медалҳои нуқра сарфароз гардид.

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки бо касби 17 имтиёз ҷойи севумро ишғол кард, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар маросими мукофотсупорӣ, инчунин ба беҳтарин бозигарон ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон эҳдо шуд. Дилноза Нурова аз дастаи "Ҳосилот" бо ҷоизаи беҳтарин дарвозабон, Рухшона Файзуллоева аз дастаи мактаби махсуси футболи вилояти Суғд, ки дар мавсим 20 гол задааст, бо ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқа сарфароз гаштанд. Ҷоизаи беҳтарин бозигари мусобиқа ба Муҳайминаи Гулаҳмад аз дастаи «Хатлон» тақдим шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни духтарони то 17-сола. Даври 10-ум

«Зарнисор» – «Равшан» – 0:2

«Ҳосилот» – Мактаби махсуси футболи Суғд – 0:1

«Хатлон» – «Навбаҳор» – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

10

8

1

1

31-7

25

2

Мактаби махсуси футбол (Суғд)

10

8

1

1

45-7

25

3

«Ҳосилот» (Фархор)

10

5

2

3

12-13

17

4

«Навбаҳор» (Мастчоҳ)

10

4

1

5

24-10

13

5

«Зарнисор» (Вахш)

10

1

1

8

4-43

4

6

«Равшан» (Кӯлоб)

10

1

0

9

8-44

3

Нишонзанҳои пешсаф: Рухшона Файзуллоева (Мактаби махсуси футболи Суғд) – 20 тӯб, Заррина Имомназарова (Мактаби махсуси футболи Суғд/«Навбаҳор») – 14 тӯб, Муҳайминаи Гулаҳмад («Хатлон») – 13 тӯб.

XS
SM
MD
LG