Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо Баҳрайну Иморот


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Усмон Тошев омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи панҷшанбе, 29-уми октябр, шуруъ кард.

Барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона 26 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар – ҷалб гардидаанд. Ба ҷои нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе Алишер Ҷалилов, ки осеб дидааст ва ҳамлагари «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашеви бемор ба дастаи мунтахаб Шервонӣ Мабатшоев (ССКА-и Душанбе) ва Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83») даъват шудаанд.

Дар айни ҳол дар ихтиёри мунтахаби миллӣ 23 бозигар қарор дорад. Дарвозабони «Локомотив-Помир»-и Душанбе Шоҳрух Қирғизбоев ва ҳимоятгари «Бунёдкор»-и Тошканд Давронҷон Эргашев ба дастаи мунтахаб имрӯз, 30-юми октябр, ҳамроҳ мешаванд. Нимҳимоятгари «Локомотив»-и Пловдиви Булғористон Парвизҷон Умарбоев рӯзи 8-уми ноябр дар Дубай ба мунтахаби Тоҷикистон мепайвандад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 7-уми ноябр бо мунтахаби Баҳрайн ва 12-уми ноябр бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мекунад. Ҳарду бозии дӯстона дар Дубай доир мегардад. Мунтахаби Тоҷикистон баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе рӯзи чоршанбеи 4-уми ноябр ба Дубай парвоз хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки ин ду бозии санҷиширо дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, барои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» се бозии дигар мондааст. Ба иллати пандемияи коронавирус бозиҳои чаҳор даври охирини марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли оянда мавқуф гузошта шуд. Футболбозони тоҷик дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, баъдан дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва сипас дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳанд кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эгашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Алишер Баротов («Хуҷанд»),

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммаджон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарсе аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG