Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА: Натоиҷи бозиҳои даври дувум


Бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо.

Бозиҳои даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо дар ҳамаи ҳашт гурӯҳ рӯзҳои 27-28-уми октябр баргузор шуданд.

Дар гурӯҳи А «Бавария»-и Олмон дар меҳмонӣ «Локомотив»-и Русияро бо ҳисоби 2:1, «Атлетико»-и Испания дар майдони худ «Залтсбург»-и Австрияро бо ҳисоби 3:2 шикаст доданд.

Дар гурӯҳи B ду бозӣ миёни дастаҳои «Шахтёр Донетск»-и Украина — «Интер»-и Италия бо ҳисоби 0:0 ва «Боруссия»-и Олмон — «Реал»-и Испания бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт.

Дар гурӯҳи C «Марсел»-и Фаронса дар майдони худ аз «Манчестер Сити»-и Англия бо ҳисоби 0:3 ва «Олимпиакос»-и Юнон дар меҳмонӣ аз «Порту»-и Португалия бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуданд.

Дар гурӯҳи D «Ливерпул»-и Англия бар тими меҳмон - «Мидтюлланн»-и Дания бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Бозӣ миёни тимҳои «Аталанта»-и Италия ва «Аякс»-и Ҳолланд бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Дар гурӯҳи Е «Челси»-и Англия дар меҳмонӣ «Краснодар»-и Русияро бо ҳисоби 4:0, «Севиля»-и Испания дар майдони худ «Ренн»-и Фаронсаро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.

Дар гурӯҳи F «Боруссия»-и Олмон бар «Зенит»-и Русия бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои «Брюгге»-и Белгия ва «Латсио»-и Италия бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Дар гурӯҳи G «Барселона»-и Испания дар меҳмонӣ «Ювентус»-и Италияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни тимҳои «Ферентсварош»-и Маҷористон ва «Динамо»-и Киеви Украина бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид.

Дар гурӯҳи Н «Пари Сен-Жермен»-и Фаронса бар тими мизбон - «Истамбул»-и Туркия - бо ҳисоби 2:0 ва «Манчестер Юнайтед»-и Англия дар майдони худ бар «Лейпсиг»-и Олмон бо ҳисоби бузурги 5:0 ғолиб шуданд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи А «Бавария»-и Олмон бо 6 имтиёз, дар гурӯҳи В «Шахтёр»-и Донетски Украина бо 4 имтиёз, дар гурӯҳи С «Манчестер Сити»-и Англия бо 6 имтиёз, дар гурӯҳи D «Ливерпул»-и Англия бо 6 имтиёз, дар гурӯҳи Е «Челси»-и Англия бо 4 имтиёз, дар гурӯҳи F «Латсио»-и Италия бо 4 имтиёз, дар гурӯҳи G «Барселона»-и Испания бо 6 имтиёз ва дар гурӯҳи Н «Манчестер Юнайтед»-и Англия бо 6 имтиёз пешсафанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG