Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Ҷопон баргузории Олимпиадаро дар соли оянда дар Токио тасдиқ кард


Сарвазири Ҷопон Ёшиҳиде Суга зимни суханронӣ дар парлумон изҳор намуд барои пешгирии коронавирус ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолии кишвараш, ки мизбони Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ аст, кӯшиш мекунад. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Суга, ки моҳи гузашта ба мақоми cарвазири Ҷопон интихоб шуд, дар парлумон - мақоми миллии қонунбарори Ҷопон суханронӣ кард. Тавре интизор мерафт, Суга уҳдадориҳои кишварашро барои баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар соли оянда тасдиқ кард.

Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 бо сабаби авҷи коронавирус моҳи марти имсол ба соли 2021 гузаронида шуд.

“Мо пеши роҳи паҳншавии бемории сироятиро мегирем ва ҳаёту саломатии аҳолиро ҳифз мекунем, ҳамчунин фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиамонро ҷиҳати эҳёи иқтисоди кишвар барқарор мекунем”, - гуфт Суга.

Сарвазири Ҷопон эълон кард, ки ҳукумат аҳолии Ҷопонро дар нимсолаи аввали соли 2021 бо ваксинаи зарурӣ таъмин мекунад. Ин ба тасдиқи бехатарӣ ва самаранокии ваксина вобаста мебошад. Умед аст, ки ваксинаи бехатар охири соли равон тасдиқ гардад.

Гурӯҳи мақсаднок оид ба мубориза бо коронавирус, ки аз намояндагони ҳукумати Ҷопон, шаҳрдори Токио ва Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи “Токио-2020” иборат аст, сенария ва тадбирҳоеро, ки имкон медиҳанд Бозиҳо тибқи нақша дар соли 2021 доир гардад, баррасӣ мекунанд.

Интизор меравад хулосаи комиссия охири соли равон пешниҳод карда шавад. Эҳтимол аст, миёни тадбирҳо бекор кардани маҳдудиятҳо барои сайёҳон, ки феълан дар баробари 159 кишвар ва минтақа амал мекунад, бошад. Чорабиниҳо, ҳамчунин мумкин аст пешниҳодҳоро дар мавриди санҷиши саломатӣ, ба таври ҳатмӣ гузаштан аз ташхиси тиббӣ ва доштани суғуртаи тиббӣ, инчунин маркази тиббӣ барои сайёҳонро дар назар дошта бошад.

Дар назар аст, ки президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах моҳи оянда ба Ҷопон сафар карда, бо сарвазир Ёшиҳиде Суга мулоқот анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG