Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи аввал: "Равшан" - барандаи медалҳои тилло, "Эсхата" - нуқра, "Панҷшер" - биринҷӣ


Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб.
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр бо бозиҳои даври 22-юм ба поён расид. Дар даври охирини мусобиқа ҷоизадори биринҷӣ маълум шуд.

Дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Румӣ, ки дар меҳмонӣ бар тими «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад, бо касби 41 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро соҳиб шуд. «Панҷшер» соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғолиб шуда буд, соҳиби медалҳои тилло гардид. Қаблан футболбозони шаҳри Кӯлоб ба Лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 роҳхат гирифта буданд.

“Равшан” дар бозии даври 22-юм дар меҳмонӣ аз тими “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби 0:2 мағлуб шуд. Вале ин бохт мавқеи футболбозони Кӯлобро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод. “Равшан”, ки дар 22 бозӣ 51 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал қарор гирифт.

Дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд, ки бо касби 49 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро касб намуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. “Эсхата” низ соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ гардидааст. Футболбозони Хуҷанд дар даври охирин дар меҳмонӣ тими “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдатро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.

Дар мавсими имсола ҳамлагари «Ҳулбук»-и Восеъ Аваз Қамчинов, ки ба дарвозаи ҳарифонаш 30 тӯб задааст, беҳтарин голзани Лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 22-юм

«Шоҳмансур» – «Панҷшер» – 0:4

Голҳо: Маҳмуд Ғаюров, 27 (0:1). Абдухалил Боронов, 35 (0:2). Маҳмуд Ғаюров, 70 (0:3). Ҳасан Холов, 72 (0:4).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳасан Холов («Панҷшер»).

«Ваҳдат» – «Эсхата» – 1:2

Голҳо: Суҳроб Асоев, 38 (1:0). Абдумалик Шодиев, 67 (1:1). Амирҷон Раҳимов, 74 (1:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Далер Ризоев («Ваҳдат»), 82 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Соҳиб Ғаффоров («Ваҳдат»).

«Ҳулбук» – «Ҳосилот» – 3:1

Голҳо: Исохуҷа Раҳматов, 3 – ба дарвозаи худ (1:0). Аваз Қамчинов, 6 (2:0). Аваз Қамчинов, 49 (3:0). Тоирҷон Тағойзода, 68 (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Аваз Қамчинов («Ҳулбук»).

«Саройкамар» – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:0

Голҳо: Хуршед Ямоқов, 43 (1:0). Акмалҷон Авазов, 62 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Соҳибҷон Ваҳобов («Саройкамар»).

«Моҳир» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Баҳровар Ҳалимов, 82.

Аз майдон хориҷ шуд: Манучеҳр Хидиров («Моҳир»), 90+1 – рафтори хашин.

Беҳтарин бозигари дидор: Баҳровар Ҳалимов («Моҳир»).

«Равшан» (Зафаробод) – «Исфара» – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ниҳоии мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

22

17

0

5

72-38

51

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

22

16

1

5

59-32

49

3

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

22

12

5

5

63-27

41

4

«Равшан» (Зафаробод)

22

11

6

5

47-28

39

5

«Ҳулбук» (Восеъ)

22

11

3

8

42-36

36

6

«Моҳир» (Ёвон)

22

9

4

9

50-63

31

7

«Ҳосилот» (Фархор)

22

9

3

10

38-39

30

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

22

9

1

12

40-39

28

9

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

22

7

5

10

48-40

26

10

«Саройкамар» (Панҷ)

22

7

5

10

42-49

26

11

«Исфара» (Исфара)

22

6

1

15

30-63

19

12

«Шоҳмансур» (Душанбе)

22

0

2

20

13-90

2

Голзанҳои пешқадам: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 30 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата»), Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 21-тӯбӣ, Акмалҷон Авазов («Саройкамар»), Бахтиёр Зарипов («Равшан») – 15-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG