Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи Grand Slam Hungary 2020 бо пирӯзии паҳлавонон аз Русия хотима ёфт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи байналмилалии Grand Slam ё Тоскулоҳи бузург оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 23-25-уми октябр дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) баргузор шуд, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия мақоми аввалро касб кард. Аммо дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик иштирок надоштанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 405 варзишгар (254 мард ва 151 зан) аз 61 кишвар ширкат кард. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 10 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Фаронса бо касби 7 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дувумро ишғол намуд. Мунтахаби Туркия бо касби 2 медали тилло ҷойи севумро гирифт.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио, ки соли 2021 баргузор мешавад, талош варзиданд.

Қаблан Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар сомонаҳои расмии худ хабар дода буданд, ки дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ду варзишгар - Комроншоҳи Устопириён (дар вазни то 90 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (дар вазни то 73 кг) намояндагӣ мекунанд.

Аммо чунонки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар вебсайти худ 22-юми октябр хабар додааст, "бо сабаби лағви парвозҳои ҳавоӣ Комроншоҳи Устопириён натавонист то ба макони баргузории мусобиқа сафар кунад. Инчунин бинобар сабаби ошкор шудани бемории COVID-19 дар мураббии Сомон Маҳмадбеков ба ӯ низ иҷозат дода нашуд, ки дар мусобиқаи Будапешт иштирок намояд"/

Ҳамин тавр, аввалин мусобиқаи байналмилалӣ баъд аз эҳёи рақобатҳо дар риштаи ҷудо бе иштироки паҳлавонон аз Тоҷикистон баргузор шуд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа:

Мардон

60 кг
1. АБУЛАДЗЕ Яго (Русия)
2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
3. ЛОПЕС Родриго Коста (Португалия)
3. МХЕИДЗЕ Лука (Фаронса)

66 кг
1. АБДУЛҶАЛИЛОВ Абдулло (Русия)
2. ШАМИЛОВ Яъқуб (Русия)
3. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)
3. ЛИМА Вилиам (Бразилия)

-73 кг
1. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
2. СТАМП Нилс (Швейтсария)
3. МАРГЕЛИДОН Артур (Канада)
3. ПИЛЕВИАН Пэтру (Молдова)

-81 кг
1. АЛБАЙРАҚ Ведат (Туркия)
2. ВАЛУА-ФОРТЕР Антуан (Канада)
3. ЧИЛАРД Николя (Фаронса)
3. МУЛЛОӢ Саъид (Муғулистон)

-90 кг
1. ИГОЛНИКОВ Михаил (Русия)
2. ГАНТУЛГА Алтанбагана (Муғулистон)
3. МЕҲДИЕВ Мамадалӣ (Озарбойҷон)
3. ШЕРАЗАДИШВИЛИ Николоз (Испания)

-100 кг
1. ИЛЁСОВ Ниёз (Русия)
2. АДАМЯН Арман (Русия)
3. ЭЛНАХАС Шади (Канада)
3. ФОНСЕКА Ҷорҷ (Португалия)

+100 кг
1. ТАСОЕВ Инал (Русия)
2. БАШАЕВ Тамерлан (Русия)
3. МАТИАШВИЛИ Левани (Гурҷистон)
3. ЗААЛИШВИЛИ Гела (Гурҷистон)

XS
SM
MD
LG