Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сипар" ғолиби Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шуд


Дастаи "Сипар" барандаи мусобиқоти Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 шуд.
Дастаи "Сипар" барандаи мусобиқоти Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 шуд.

Дастаи "Сипар" -и Хуҷанд, ки дар бозии чоруми силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 бар тими "Соро компания"-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад, барандаи медалҳои тиллои мусобиқа гардид. Ба ин комёбӣ “Сипар” бо раҳбарии мутахассиси русиягӣ Евгений Осинцев даст ёфт.

Баъди чаҳор бозӣ дар силсилаи ниҳоӣ ҳисоб 3:1 ба нафъи бошгоҳи шаҳри Хуҷанд шуд. Дар бозии чоруми силсилаи ниҳоӣ, ки 25-уми октябр дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, доир гардид, голҳои Илёс Чотбоев, Дилшод Саломов ва Парвиз Раҳматов ба “Сипар” пирӯзӣ овард.

Бояд гуфт, ки дастаи “Сипар” бори аввал дар таърихи худ қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Қаблан бошгоҳи Хуҷанд борҳо медалҳои нуқраи Лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Дастаи «Соро компания», ки солҳои 2018 ва 2019 қаҳрамони Тоҷикистон шудааст, имсол ҷоизаи нуқраро соҳиб гашт. Медалҳои биринҷии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 насиби дастаи "Муҳоҷир"-и Душанбе шуд. Ин даста дар бозиҳои силсила тими "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшанро мағлуб кард.

Ин ҳафтумин мавсими Лигаи касбии футзали Тоҷикистон буд. Аз ин пеш бошгоҳҳои Душанбе - «ДИСИ Инвест» (2014, 2015, 2016, 2017) ва «Соро компания» (2018, 2019) - ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудаанд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

Финал. Бозии чорум

Соро компанияСипар – 1:3

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 5 (1:0). Илёс Чотбоев, 28 (1:1). Дилшод Саломов, 42 (1:2). Парвиз Раҳматов, 46 (1:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Илёс Чотбоев («Сипар»).

Ҳисоб дар силсила – 1:3.

XS
SM
MD
LG