Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пеле - шоҳи футбол 80-сола шуд


Пеле -- футболбози машҳури ҷаҳон.
Пеле -- футболбози машҳури ҷаҳон.

Имрӯз, 23-юми октябр, Пеле - машҳуртарин футболбоз, қаҳрамони секаратаи ҷаҳон (Шведсия-1958, Чили-1962, Мексика-1970) 80-солагии худро ҷашн мегирад.

Пеле дар ҳайати тими миллии Бразилия 92 бозӣ карда, 77 гол задааст. Аз рӯи шумораи голҳо Пеле то ҳол беҳтарин нишонзан дар таърихи тими миллӣ маҳсуб мешавад.

Шоҳи футбол қисми зиёди карйераи худро дар бошгоҳи “Сантос» (1956-1974) гузаронидааст. Дар ҳайати ин бошгоҳ ӯ ду маротиба Ҷоми Либертадорес ва Ҷоми байниқитъавиро ба даст овардааст. Омори Пеле барои ҳамаи мухлисони футбол назаррас аст: 504 гол дар 496 бозӣ.

Эдсон Арантис ду Насименту 23-юми октябри соли 1940 дар шаҳри Трес-Корасойнс, як шаҳраки хурди ийолати Минас-Жерайс дар Бразилия таваллуд шудааст. Оилаи ӯ камбизоат буд. Падараш Ҷоао Рамос ду Насименту, маъруф бо Флуминенсе Дондинйо, ки худ собиқ футболбоз буд, аввалин мураббии писараш шуд ва баъзе сирри маҳорати варзиширо ба ӯ омӯзонд.

Хонавода аввал ӯро "Дико" меномиданд. Дар солҳои таҳсилаш ба ӯ ба ифтихори бозигари дӯстдоштааш, дарвозабони маҳаллӣ Васко да Гама Биле «Пеле» лақаб доданд. Дар тарҷумаи ҳоли худ Пеле изҳор доштааст, ки ӯ ва дӯстони деринааш намефаҳмиданд, ки ин ном чӣ маъно дорад. Ба ғайр аз даъвое, ки ин ном аз номи Бил омадааст ва дар ибронӣ маънои "мӯъҷиза"-ро дорад, вале ин калима дар забони португалӣ маъное надорад.

Дар синни 7-солагӣ Эдсон дар дастаи кӯдакони маҳаллӣ ба бозӣ шурӯъ кард, ки бо ҳунари воло ва муассири худ дар ҳамла фарқ менамуд. Замоне дастаро собиқ бозигари тими миллии Бразилия Валдемар де Брито мураббигӣ мекард, ки ояндаи Пелеро асосан ӯ пешакӣ муайян сохта буд. Маҳз бо роҳнамоии ӯ Пеле дар бошгоҳи “Сантос” (иёлати Сан-Паулу) дар озмоиш иштирок кард. Ва дере нагузашта Пелеи 15-сола ба ин бошгоҳ пайваст, ки баъдтар машҳури ҷаҳон гашт.

XS
SM
MD
LG