Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон. "Сипар" қаҳрамон мешавад ё "Соро компания"?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи шанбеи 24-уми октябр дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, бозии сеюми силсилаи ниҳоии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 баргузор мешавад. "Соро компания"-и Душанбе бо "Сипар" -и Хуҷанд бозӣ мекунад. Бозӣ соати 18:00 оғоз меёбад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз ду бозии силсилаи ниҳоӣ "Сипар" бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва дар сурати пирӯзӣ дар бозии рӯзи шанбе, ин бошгоҳ бори аввал дар таърихи худ қаҳрамони Тоҷикистон хоҳад шуд.

Рӯзи шанбе дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, инчунин бозии сеюми силсила барои медалҳои биринҷии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 баргузор мешавад. "Муҳоҷир"-и Душанбе бо "Истаравшан"-и Истаравшан рақобат мекунад. Бозӣ соати 14:00 оғоз меёбад. Дар силсила "Муҳоҷир" пешсаф аст - 2: 0.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

Финал. Бозии сеюм

24-уми октябр (шанбе)

Оғози бозӣ– соати 18:00

«Соро компания» – «Сипар»

Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ

Ҳисоб дар силсила – 0:2.

Бозӣ барои ҷойи сеюм. Бозии сеюм

24-уми октябр (шанбе)

Оғози бозӣ– соати 14:00

«Муҳоҷир» – «Истаравшан»

Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ

Ҳисоб дар силсила – 2:0.

XS
SM
MD
LG