Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи Grand Slam Hungary 2020 бе иштироки паҳлавонони тоҷик мегузарад


Паҳлавони номдори тоҷик Сомон Маҳмадбеков.
Паҳлавони номдори тоҷик Сомон Маҳмадбеков.

Дар мусобиқаи байналмилалии Grand Slam ё Тоскулоҳи бузург оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 23-25-уми октябр дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) баргузор мешавад, варзишгарони тоҷик ширкат намеварзанд.

Қаблан Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар сомонаҳои расмии худ хабар дода буданд, ки дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ду варзишгар - Комроншоҳи Устопириён (дар вазни то 90 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (дар вазни то 73 кг) намояндагӣ мекунанд.

Аммо чунонки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар вебсайти худ имрӯз, 22-юми октябр, хабар додааст, "бо сабаби лағви парвозҳои ҳавоӣ Комроншоҳи Устопириён натавонист то ба макони баргузории мусобиқа сафар кунад. Инчунин бинобар сабаби ошкор шудани бемории COVID-19 дар мураббии Сомон Маҳмадбеков ба ӯ низ иҷозат дода нашуд, ки дар мусобиқаи Будапешт иштирок намояд. Ҳамин тавр, аввалин мусобиқаи байналмилалӣ баъд аз эҳёи рақобатҳо дар риштаи ҷудо бе иштироки паҳлавонон аз Тоҷикистон сурат мегирад".

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи байналмилалии Grand Slam ё Тоскулоҳи бузург, ки рӯзҳои 23-25-уми октябр дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) баргузор мешавад, иштироки 459 варзишгар (287 мард ва 172 зан) аз 69 кишвар дар назар аст.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио, ки соли 2021 баргузор мешавад, талош меварзанд.

XS
SM
MD
LG