Дар Покистон занони хабарнигор талаб доранд, ки мақомот коре кунанд, то бадгӯӣ дар ҳаққи онҳо ва озору таҳдиди таҷовузи ҷинсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хотима ёбад.
Онҳо мегӯянд, барои фаъолияти хабарнигориашон корбарон ҳар чизе, ки хостанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаққи онҳо мегӯянд. Ҳукумат баъди додхост ва ё муроҷиати хабарнигорон барои андешидани чорае тарҳи қонунеро пешниҳод кардааст, вале баъзе аз хабарнигорон мегуянд, мумкин аст, ин санадро барои маҳдуд кардани озодии баён истифода баранд.
Мунизаи Ҷаҳонгир яке аз хабарнигорони шинохтаи Покистон аст ва дар баробари 15 нафари дигар зери додхост барои поён додан ба озору бадгӯӣ дар Интернет имзо гузоштааст. Онҳоро асосан корбароне озор медиҳанд, ки тарафдори ҳизбҳои сиёсии Покистон ҳастанд. Муниза мегӯяд, танқид барои кор мушкиле надорад, аммо бадгӯӣ дигар чиз аст.
“Ҳамаи моро барои корамон танқид мекунанд, вале ба хабарнигорони зан мустақим ҳамла мешавад. Дашномҳои қабеҳ медиҳанд ва таҳдид мекунанд, ки таҷовуз мекунем. Азбаски кор ба инҷо расид, мо гуфтем, онҳо аз хати сурх гузаштанд ва мо чорае биандешем”, -- нақл кард хабарнигор.
Моҳи августи имсол аз хабарнигорон 15 шикоят гирифтанд ва то ин замон шикоятҳо ба 150 расидааст. Котиби ҳуқуқи башари порлумони Покистон Лаълчанд Малҳӣ мегуяд, барои поён додан ба озору таҳдид зарур аст, қонуни наве қабул шавад.
Ӯ афзуд: “Вазорати ҳуқуқи башар тарҳи Қонуни муҳофизати хабарнигоронро таҳия кардааст. Ҳукумат онро тасвиб кард ва ҳоло вазорати иттилоот бояд саҳми худро бигузорад. Ният дорем, тарҳро ба зудӣ ба порлумон фиристем. Аҳзоби сиёсӣ ҳам бояд ҷалб карда шаванд, то меъёрҳои муайянеро риоят кунанд.”
Бисёре аз занони хабарнигор тарафдори қонуни нав нестанд. Маҳмал Сарфароз, фаъоли маданӣ мегӯяд, “ин ҳукумат ва ҳукуматҳои пешин ҳам пайваста кӯшиш кардаанд, ки шабакаҳои иҷтимоиро зери назорат дароранд. Сабабаш ҳам озодиест, ки ба шумо медиҳанд. Бисёре аз масъалаҳое, ки дар матбуот инъикос намешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ осон баррасӣ мекунанд. Соли 2016 уонун дар бораи муҳофизат аз ҷиноятҳои электронӣ қабул шуд, вале аз он сӯистифода сурат гирифт.”
Садаф Хон, раҳбари Матбуот барои демократия дар таҳияи додхост саҳми зиёде дорад. Ӯ мегӯяд, озору бадгӯӣ дар Интернет на ба қонун, балки аз фарҳанги сиёсӣ сарчашма мегирад.
Вай гуфт, “талаби мо ин аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ одобномаеро барои тарафдоронашон таҳия кунанд. Ҳизбҳо бояд ошкоро фарҳанги озору азияту таҳдид дар Интернетро маҳкум намоянд. Онҳо бояд ба тарафдоронашон бигӯянд, ки ин рафтор ғайриқобили қабул аст ва гунаҳкорро танбеҳ бидиҳанд. Дувум ин ки Идораи федералии таҳқиқот бояд барои шикоят ба зидди афроди қудратманд дар ҳукумат кумак кунад. Мо мехоҳем, парвандаҳоямон одилона баррасӣ шаванд.”
Ба бовари котиби ҳуқуқи башари порлумони Покистон, қонуни нав метавонад, ҳизбҳои сиёсиро водор кунад, дар тағйири фарҳанги рафтор дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳм бигиранд.
Як таҳқиқ нишон додааст, ки 77 дар сади хабарнигорони зан аз тарси озору бадгӯӣ аз гуфтани воқеиятҳо парҳез мекунанд. Хабарнигорон ба ин боваранд, ки қонун рафтори умумро тағйир намедиҳад. Ба қавли онҳо, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд, аз тарафдоронашон бихоҳанд, ки озору бадгӯиро бас кунанд, вагарна танбеҳ мешаванд.