Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" ғолиби Лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд


Ravshan football team
Ravshan football team

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки як давр пеш аз анҷоми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғолиб шуд, соҳиби медалҳои тилло гардид. Қаблан футболбозони шаҳри Кӯлоб ба лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 роҳхат гирифта буданд.

“Равшан” дар бозии даври 21-ум рӯзи 21-уми октябр дар майдони худ тими “Ҳулбук”-и Восеъро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Голҳои Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Умед Бадалов ва Сафаралӣ Каримов ба “Равшан” пирӯзӣ овард. Дастаи “Равшан”, ки дар 21 бозӣ 51 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал қарор дорад.

Дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд, ки 46 имтиёз дорад ва дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро касб намудааст, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. “Эсхата” низ соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ гардидааст.

Дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо касби 38 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро ишғол мекунад. Тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври охирини мусобиқа маълум хоҳад шуд. Барои ҷойи севум дастаҳои “Панҷшер” ва “Равшан”-и Зафаробод талош доранд.

Бозиҳои даври 22-юм ва охирини мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 25-уми октябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 21-ум

«Барқчӣ» – «Саройкамар» – 4:0

Голҳо: Муҳаммад Буризод, 20 (1:0). Файзиддин Назаров, 51 (2:0). Муҳаммадҷон Ризомов, 55 (3:0). Муҳаммад Буризод, 56 (4:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Билолиддин Исматуллоев («Саройкамар»), 68 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммад Буризод («Барқчӣ»).

«Ҳосилот» – «Ваҳдат» – 2:0

Голҳо: Нурулло Маҳмудов, 70 – аз пеналтӣ (1:0). Муҳаммад Шерзода, 80 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Саидалии Сафаралӣ («Ҳосилот»).

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳулбук» – 4:2

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 67 (1:0). Ҳасан Рустамов, 80 (2:0). Аваз Камчинов, 82 (2:1). Умед Бадалов, 86 (3:1). Сафаралӣ Каримов, 87 (4:1). Аваз Камчинов, 89 – аз пеналтӣ (4:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Шаҳбоз Хайруллозода («Ҳулбук»).

«Моҳир» – «Равшан» (Зафаробод) – 3:3

Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 7 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 25 (2:0). Бахтиёр Зарипов, 39 (3:0). Баҳровар Ҳалимов, 42 – аз пеналтӣ (3:1). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 82 (3:2). Дилшод Тағоев, 90+4 (3:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод).

«Панҷшер» – «Исфара» – 10:1

Голҳо: Саидакбар Юнусов, 2 (1:0). Саидакбар Юнусов, 15 (2:0). Шоҳин Ҷалилов, 22 – аз пеналтӣ (3:0). Хушбахт Назиров, 27 (3:1). Қиматшо Муъминшоев, 53 (4:1). Абдухалил Боронов, 57 (5:1). Саидакбар Юнусов, 60 (6:1). Қурбон Сайфиддинов, 61 (7:1). Хушбахт Миров, 69 (8:1). Сорбон Қурбонов, 84 (9:1). Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, 90 – аз пеналтӣ (10:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Абдухалил Боронов («Панҷшер»).

«Эсхата» – «Шоҳмансур» – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

21

17

0

4

72-36

51

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

21

15

1

5

57-31

46

3

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

21

11

5

5

59-27

38

4

«Равшан» (Зафаробод)

21

10

6

5

44-28

36

5

«Ҳулбук» (Восеъ)

21

10

3

8

39-35

33

6

«ХҲосилот» (Фархор)

21

9

3

9

37-36

30

7

«Барқчӣ» (Ҳисор)

21

9

1

11

40-38

28

8

«Моҳир» (Ёвон)

21

8

4

9

49-63

28

9

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

21

7

5

9

47-38

26

10

«Саройкамар» (Панҷ)

21

6

5

10

40-49

23

11

«Исфара» (Исфара)

21

6

1

14

30-60

19

12

«Шоҳмансур» (Душанбе)

21

0

2

19

13-86

2

Нишонзанҳои беҳтарин: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 28 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 21 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 18 тӯб.

Даври 22-юм

25-уми октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Исфара»

«Шоҳмансур» – «Панҷшер»

«Ваҳдат» – «Эсхата»

«Ҳулбук» – «Ҳосилот»

«Саройкамар» – «Равшан» (Кӯлоб)

XS
SM
MD
LG