Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маошу ғизо надоданд". Эътирози коргарони як ширкати истеҳсоли гази моеъ дар Узбекистон. ВИДЕО


Маҳалли кори маъмурияти корхона баъди эътирозҳо
Маҳалли кори маъмурияти корхона баъди эътирозҳо

Рӯзи 21-уми октябр коргарони ширкати Uzbekistan GTL, ки дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарёи Узбекистон ҷойгир аст, даст ба эътироз заданд. Сабаби норозигии онҳо чанд моҳ пардохт нашудани маош ва бехӯрок мондани коргарон гуфта мешавад. Uzbekistan GTL гази моеъ истеҳсол мекунад ва 12 ҳазор коргар дорад.

Дар ин бора Радиои Озодлик – Бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод. Дар наворҳое, ки дастрас шуд, дида мешавад, садҳо мардуми норозиву хашмгин ба биноҳои маъмурият ва худи корхонаи истеҳсолӣ ҳамла карда, ҳама ҷойро вайрон мекунанд.

Феълан маълум нест, оё дар ин ҳодиса касе осеб дидааст, ё не, вале дар видеоҳо дида мешавад, ки дар замини корхонаи валангоршуда пайи хун намудор аст.

Тибқи иттилои охир, мақомот барои пахши эътирозгарони хашмгин ба маҳалли ҳодиса нирӯҳои Горди миллӣ ва гурӯҳҳои зудамали Вазорати умури дохилӣ ва амнияти давлатиро фиристодаанд.. Додситонии кулли Узбекистон бо пахши иттилоияе гуфтааст, аз рӯи ин қазия тафтиш шурӯъ шудааст.

Дар наворҳои видеоӣ, ки дастраси Радиои Озодлик шуд, дида мешавад, дар натиҷаи ҳамлаи мардуми хашмгин таҷҳизоти корхона ва утоқҳои маъмурияти он хароб шудааст.

Як корманди корхона бо шарти ифшо нашудани номаш ба Озодлик нақл кард, ки хашми коргарон баъди он баланд шуд, ки ғизои маъмулан саривақт таъминшавандаи коргарон 2 навбат дода нашуд. Ӯ гуфт: “Дар як баст дар корхона 1200 нафар кор мекунад. Аз он ҷо то ҷои зисташон дар лагер ё урдугоҳ 4 киломер роҳ аст. Ба онҳо 20-уми октябр ғизои шомро надоданд ва ҳам субҳи 21-уми октябр субҳона надоданд. Кормандон аз ин рафтори ошхона дар ғазаб шуданд ва ошхонаву бинои маъмурияти корхонаро ҳамла ва валангор каранд”.

Дар дафтари намояндагии ширкати Uzbekistan GTL дар шаҳри Тошканд гуфтанд, гуё бо сабаби вайрон шудани дари ошхона кормандон ғизо хӯрда натавонистанд ва ин ҳодиса сар зад.

Наворҳоро дар инҷо бинед:

Эътироз дар корхонаи ширкати Uzbekistan GTL аз таъхир дар пардохти маош
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:38 0:00

XS
SM
MD
LG