Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳи Устопириён дар Grand Slam Hungary 2020


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи байналмилалии Grand Slam ё Тоскулоҳи бузург, ки рӯзҳои 23-25-уми октябр дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) доир мегардад, ду паҳлавони маъруфи тоҷик - Сомон Маҳмадбеков (вазни то 73 кг) ва Комроншоҳи Устопирён (-90 кг) – иштирок мекунанд.

Қаблан Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмии худ хабар дода буд, ки дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон панҷ варзишгар ширкат меварзад. Аммо ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, се гуштигири тоҷик - Акмал Муродов (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) - натавонистанд дар мӯҳлати муайяншуда раводид (виза) дарёфт намоянд.

Инчунин Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), ки осеб дидааст ва ба табобат машғул аст, алъон имкони иштирок дар рақобатҳои байналмилалии ҷудоро надорад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи байналмилалии Grand Slam ё Тоскулоҳи бузург, ки рӯзҳои 23-25-уми октябр дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) баргузор мешавад, иштироки 459 варзишгар (287 мард ва 172 зан) аз 69 кишвар дар назар аст.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарон барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио, ки соли 2021 баргузор мешавад, талош меварзанд.

Президенти IJF Мариус Визер гуфтааст, "ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бесаброна интизорем, ки мусобиқаи Гренд Слемро баргузор кунем, албатта бо қоидаҳои муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо COVID-19 мутобиқ шавем ва беҳтар он аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем. Мо ҳамаи корро, ки бар уҳдаамон аст, иҷро мекунем, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва ҳунарашонро намоиш диҳанд”.

Пас аз чанд моҳи маҳдудиятҳо, ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш яке аз беҳтарин тадбирҳо барои оғози марҳилаи нав мебошад.

XS
SM
MD
LG