Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шоҳин Осмойӣ" - қаҳрамони Афғонистон дар Ҷоми AFC бо бошгоҳи Тоҷикистон бозӣ мекунад


Дастаи "Шоҳин Осмойӣ".
Дастаи "Шоҳин Осмойӣ".

Тими “Шоҳин Осмойӣ” ғолиби нӯҳумин даври рақобатҳои Лигаи бартари футболи Афғонистон шуд. Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои “Шоҳин Осмойӣ”, намояндаи пойтахти ин кишвар ва “Симурғ Албурз”, намояндаи шимол, ки дар Кобул, дар варзишгоҳи Федератсияи футболи Афғонистон, доир гардид, бо пирӯзии “лочинҳо” бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро нимҳимоятгар Фардин Ҳакимӣ дар дақиқаи 19-уми бозӣ зад.

Гарчанде ки футболбозони “Симурғ Албурз” дар ҷараёни ин дидор якчанд имконоти голзанӣ фароҳам оварданд, вале натавонистанд дарвозаи “Шоҳини Осмойӣ”-ро боз кунанд.

Бозӣ дар вазъияте сурат гирифт, ки дар он ҳам музокироти сулҳ ва ҳам ҷанг дар кишвар ҷараён доранд. Ҳазорон шаҳрвандон ва инчунин сиёсатмадорон барои тамошои бозӣ дар варзишгоҳ ҳузур доштанд. Дар байни онҳо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии оштии миллӣ ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон дар варзишгоҳ буданд.

Дар оғози бозӣ раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба футболбозон бо паёми видеоӣ муваффақият орзу кард ва онҳоро паёмрасони сулҳ номид.

Мусобиқаи қаҳрамонии Афғонистон аз рӯи нақшаи хос баргузор шуд: дар марҳилаи аввал дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда, дар як давра бо низоми даврӣ рақобат карданд. Баъдан ҳашт даста ба чорякфинал, сипас чаҳор даста ба нимфинал ва ниҳоят ду даста ба финал роҳ ёфтанд.

Ба ин тартиб, ба ҷуз аз тимҳои “Шоҳин Осмойӣ” ва “Симурғ Албурз” боз шаш даста дар ин мавсим дар даври чорякниҳоии рақобатҳои Лигаи бартари футболи Афғонистон ширкат варзиданд. Аз байни онҳо чаҳор даста – “Шоҳин Осмойӣ”, “Де Спин Ғарбозон”, “Тӯфон Ҳарируд” ва “Симурғ Албурз” ба нимфинал роҳ пайдо карданд.

“Шоҳин Осмойӣ”, ки дар мавсими имсола ягон бозиро набохтааст, бори панҷум ба унвони қаҳрамони футболи Афғонистон даст ёфт.

Қаблан ин даста ғолиби Лигаи бартари футболи кишвар дар соли 2017 шуда буд. Аммо дар ду соли ахир «лочинҳо» қаҳрамониро ба «Тӯфони Ҳарируд» дода буданд.

«Симурғ Албурз» то имрӯз се маротиба ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа баромадааст, аммо то ҳоло ба пирӯзӣ дар қаҳрамонии кишвар муваффақ нашудааст.

Дар мавсими оянда “Шоҳин Осмойӣ” дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар як гурӯҳ бо бошгоҳҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бозӣ хоҳад кард.

“Шоҳин Осмойӣ” бошгоҳи футболи Афғонистон аст, ки моҳи августи соли 2012 дар Кобул таъсис ёфтааст. Аз ҳамон сол дар Лигаи бартари Афғонистон - дивизиони олии футболи ин кишвар мунтазам ширкат меварзад. Бошгоҳи серунвонтарин ва машҳуртарин дар Афғонистон дар замони муосир ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG