Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё соли оянда баргузор хоҳад шуд


Марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё, ки мебоист аз 2-юм то 13-уми декабри соли равон дар Кувайт баргузор мешуд, ба соли оянда мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) рӯзи 15-уми октябр федератсияҳои миллиро, ки дастаҳои онҳо ба финали қаҳрамонии футзали Осиё роҳ ёфтаанд, дар бораи ба соли оянда мавқуф гузоштани мусобиқаи қитъаӣ огаҳ кард.

"Ба далели авҷ гирифтани пандемияи COVID-19 дар Кувайт ва бо дарназардошти амният ва саломатии ҳамаи дастаҳо ва ҷонибҳои манфиатдор, АFC пас аз баррасӣ бо ҳамаи ҷонибҳои дахлдор тасмим гирифт, ки қаҳрамонии футзали Осиёро то март-апрели соли 2021 мавқуф гузорад", - гуфта мешавад дар санади расмии Конфедератсияи футболи Осиё.

Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё дар гурӯҳи "А" бозӣ мекунад. Рақибони дастаи Тоҷикистон тимҳои миллии Туркманистон, Ветнам ва Умон хоҳанд буд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии футзали Осиё дар Кувайт панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2021 мушарраф мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон аз 12-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2021 дар Литва доир мегардад. Дар қаҳрамонии ҷаҳон 24 даста ширкат хоҳад кард.

Охирин мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон соли 2016 дар Колумбия баргузор шудааст. Тими миллии Аргентина, ки дар финал мунтахаби Русияро мағлуб кард, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гардид.

XS
SM
MD
LG