Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон дар "Ченнайин"-и Ҳиндустон бозӣ мекунад


Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.
Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари 30-солаи дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар ҳайати тими "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд медали нуқра ба даст овард, фаъолияти варзишии худро дар бошгоҳи "Ченнайин" дар Суперлига ё Лигаи бартари Ҳиндустон идома медиҳад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, шартномаи Фатҳулло Фатҳуллоев бо ғолиби дукаратаи Суперлигаи Ҳиндустон, бошгоҳи "Ченнайин" барои шаш моҳ имзо шуд.

"Ман дар бораи клуби "Ченнайин" бисёр чизҳоро шунидаам ва бисёр бозиҳои мавсимҳои гузаштаро дидаам. Ин яке аз бузургтарин клубҳои Ҳиндустон бо мухлисони ашадиаш мебошад. Бинобар ин, вақте ки имконият барои интихоб пайдо шуд, ман бисёр фикр накардам ва базудӣ розӣ шудам. Ман аз мулоқот бо ҳамкасбони нави худ хеле шодам ва умедворам, ки мо барои унвони ғолиби мавсими нави Суперлигаи Ҳиндустон мубориза бурда метавонем",-гуфтааст Фатҳулло Фатҳуллоев дар мусоҳиба бо вебсайти бошгоҳи "Ченнайин".

Фатҳулло Фатҳуллоев, ки аз соли 2009 дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ мекард, шаш бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст. Инчунин ӯ дар ҳайати "Истиқлол" соли 2012 барандаи Ҷоми президенти AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) гардидааст.

Фатҳуллоев дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон 68 бозӣ карда, 9 гол задааст. Ӯ се соли ахир дар бошгоҳҳои "Персела Ламонган"-и Индонезия (2018), "Бухоро"-и Бухоро (2019) ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд (2020) бозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG