Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равшан Собиров яке аз муовинони нахуствазири Қирғизистон таъйин шудааст


Равшан Собиров
Равшан Собиров

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 14-уми октябр дар ҷаласаи ғайринавбатӣ дар қароргоҳи Ало-Арча номзадии Содир Ҷапаровро ба мақоми нахуствазири Қирғизистон тасдиқ карданд. Дар баробари ин, ҳайати нави ҳукумат ҳам тасдиқ шуд, ки ба гуфтаи Ҷапаров, “15-20 дарсадаш нав аст”.

Ҷаласаи порлумонӣ, ки ба қавли хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо иштироки беш аз нисфи вакилон баргузор шуд, бо номзадии муовинони нави нахуствазир мувофиқат карданд.

Аз ҷумла, Артем Новиков муовини аввали нахуствазир ва Мақсад Мамитканов (яке аз раҳбарони эътирозҳои баъд аз интихобот) ва Аида Исмоилова муовинони нахуствазир тасдиқ шуданд.

Сиёсатмадори тоҷик Равшан Собиров муовини дигари нахуствазири Қирғизистон таъйин шудааст. Ӯ раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон аст ва дар гузашта дар мансаби вазири рушди иҷтимоӣ кор кардааст.

Собиров солҳои 2012-2014 бо иттиҳоми фасод ба зиндон андохта шуд, вале худи ӯ парвандаро “дорои ангезаҳои сиёсӣ” номидааст. Моҳи августи имсол Собиров ба мубориза барои курсии депутатӣ пардохта буд.

Бар асоси қарори нави порлумон, яке аз раҳбарони эътирозҳои баъдиинтихоботӣ ҳам ба ҳукумат ворид шуданд – Руслан Казакбаев аз ҳизби “Республика” вазири умури хориҷӣ таъин шуд ва ӯ дар гузашта ҳам дар ин мақом кор кардааст.

Дар акс: Аида Исмоилова, Артем Новиков, Содир Ҷапаров, Равшан Собиров ва Мақсад Мамитканов
Дар акс: Аида Исмоилова, Артем Новиков, Содир Ҷапаров, Равшан Собиров ва Мақсад Мамитканов

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта президент Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, бо қарори гурӯҳи вакилони маҷлис дар заминаи таъини Ҷапаров, собиқ зиндонӣ ва маҳкумшуда барои одамрабоӣ ба мақоми нахуствазирӣ, розӣ намешавад. Президент гуфтааст, тамоми қарорҳо бояд дар чаҳорчӯби қонун сурат гирад ва ҳеч шубҳае дар заминаи қонунӣ будани онҳо бояд вуҷуд надошта бошанд.

Ҷапаров дар ҷаласа гуфтааст, барномаву сохтори ҳукумат бетағйир мемонад ва танҳо дар ҳайати ҳукумат тағйирот ҷорӣ мешавад.

Баъд аз интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябр ва норизоияти аксар ҳизбҳои мухолифин бо хулосаҳои овоздиҳӣ, натиҷаҳо бекор шуданд, вале дар кишвар бӯҳрони сиёсӣ ба амал омад.

Шаби 5 ба 6-уми октябр эътирозгарон бинои ҳукумат ва порлумонро тасарруф карданд ва дар кишвар мубориза барои қудрат дар миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба амал омад. Эътирозгарон, аз ҷумла, чанд зиндонии сиёсиро озод карданд ва Содир Ҷапаров ҳам баъд аз чор соли зиндон ба майдон баромад.

XS
SM
MD
LG