Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Криштиану Роналду ба коронавирус мубтало шуд


Криштиану Роналду.
Криштиану Роналду.

Капитани дастаи мунтахаби футболи Португалия ва бозигари тими "Ювентус"-и Турини Италия Криштиану Роналду ба бемории коронавирус гирифтор шудааст. Дар ин бора хабаргузории русии РИА Новости бо такя ба Федератсияи футболи Португалия хабар додааст.

Тибқи ин хабар, ҳамлагари 35-солаи мунтахаби Португалия ягон нишонаеро аз сар намегузаронад ва дар карантин қарор дорад. Роналду дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи миллатҳои УЕФА бо Шведсия, ки рӯзи чоршанбеи 14-уми октябр дар Лиссабони Португалия доир мегардад, ширкат намеварзад.

Рӯзи якшанбеи гузашта Роналду тамоми 90 дақиқа дар бозии Лигаи миллатҳо муқобили тими мунтахаби Фаронса, ки дар Сен-Дении канори Париж баргузор шуд ва бо натиҷаи мусовӣ - 0: 0 анҷом ёфт, иштирок дошт.

Хабар дода мешавад, ки озмоиш барои COVID-19, ки аз ҷониби тими миллии Португалия субҳи сешанбе гузаронида шуд, ягон ҳолати дигари сироятро ошкор накард.

XS
SM
MD
LG