Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бо Баҳрайн ва Иморот бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» моҳи ноябр дар сафар ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 7-уми ноябр бо мунтахаби Баҳрайн ва 12-уми ноябр бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона баргузор мекунад. Ҳарду бозии дӯстона дар Дубай доир мегардад.

Ёдовар мешавем, барои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» се бозии дигар мондааст. Бояд гуфт, ки ба иллати пандемияи коронавирус бозиҳои чаҳор даври охирини марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли оянда мавқуф гузошта шудааст. Футболбозони тоҷик дар майдони худ бо мунтаби Муғулистон, баъдан дар меҳмонӣ бо мунтахаби Ҷопон ва сипас дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ охири моҳи октябр шуруъ хоҳад кард.

Бозиҳои дӯстона

7-уми ноябр (шанбе)

Баҳрайн – Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

12-уми ноябр (панҷшанбе)

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

XS
SM
MD
LG