Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ медали паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба кураш дар Қазон 


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии кураш, ки дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор шуд, панҷ медал (1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи кураши Русия - russiakoresh.ru хабар додааст, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 130 варзишгар аз 26 кишвар аз рӯи даҳ вазн рақобат карданд. Дар ҳамаи вазнҳо мизбонон – гуштигирони русиягӣ - ғолиб шуданд.

Дар гурӯҳи бонуфузтарин - дар вазни беш аз 130 кило Сергей Павлик, паҳлавони вазнаш 192 кило аз Маскав, яке аз серунвонтарин гуштигири кураш ғолиб шуд. Дар финал ӯ бар паҳлавони номдор - барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ Марид Муталимов, ки Қазоқистонро намояндагӣ кард, пирӯзӣ ба даст овард. Павлик ба ҷуз аз унвони қаҳрамони ҷаҳон, мувофиқи анъанаҳои ҳазорсолаи гуштии кураш як қӯчқори зиндаро бо вазни беш аз 100 кило ҳамчун мукофот гирифт.

Намояндагони Тоҷикистон бошанд, дар як вазн мақоми дувум ва дар чаҳор вазн ҷойҳои севумро азони худ карданд. Муҳсин Ишонов дар вазни то 65 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Шаҳзод Аъзамзода (60 кг), Шоҳрух Солеҳов (75 кг), Ҳодӣ Дилбаршоев (80 кг) ва Муҳаммад Тошзода (90 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Мусобиқаи интихобӣ дар Маскав баргузор шуд, қувваозмоиҳои пешакӣ дар Қазон, дар маҷмааи универсалии варзишии Маркази намудҳои қаиқронӣ доир гардид. Марҳилаи ниҳоии мусобиқа дар майдончаи махсусгардонидашудаи автодроми “Қазон-ринг” сурат гирифт.

- Гузаронидани қувваозмоиҳои ниҳоӣ дар фазои кушод арҷгузорӣ ба анъанаҳои варзиши дорои таърихи ҳазорсола мебошад, ки дар рӯзҳои иди миллӣ сарчашма гирифтааст ва дар он қаҳрамонони миллӣ - "баҳодурон" дар фазои кушод рақобат мекарданд, - иттилоъ додааст вебсайти russiakoresh.ru.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии кураш-2020

Вазни то 60 кг
1. Нургалиев Раббонӣ (Русия)

2. Декхам Уулу (Қирғизистон)
3. Утилин Уулу (Қирғизистон)
3. Аъзамзода Шаҳзод (Тоҷикистон)

Вазни то 65 кг
1. Муртазин Искандар (Русия)

2. Ишонов Муҳсин (Тоҷикистон)

3.Тсой Андрей (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Эсенов Эмирхон (Туркманистон)

Вазни то 70 кг
1. Каримуллин Динар (Русия)

2. Пенту Уилден (Ангола)
3. Сапаргелдиев Сердар (Туркманистон)
3. Купатбек Уулу (Қирғизистон)

Вазни то 75 кг
1. Зулқарнаев Артур (Русия)

2. Какалиев Навруз (Туркманистон)
3. Солеҳов Шоҳрух (Тоҷикистон)
3. Абдуллоев Усмон (Озарбойҷон)

Вазни то 80 кг
1. Калимуллин Ренас (Русия)

2. Омор Уулу (Қирғизистон)
3. Дилбаршоев Ҳодӣ (Тоҷикистон)
3. Куриленко Вадим (Украина)

Вазни то 85 кг
1. Мухаметзянов Наил (Русия)

2. Егоян Ерванд (Арманистон)

3. Исманов Тоирбек (Қирғизистон)
3. Дарахвенидзе Георгий (Гурҷистон)

Вазни то 90 кг
1. Тухватуллин Илмир (Русия)

2. Алихонов Шарап (Руминия)
3. Тошзода Муҳаммад (Тоҷикистон)
3. Шахмаев Марат (Узбекистон)

Вазни то 100 кг
1. Нургалиев Раил (Русия)

2. Афоничев Николай (Украина)
3. Сердаров Мекан (Туркманистон)
3. Валектир Никита (Қазоқистон)

Вазни то 130 кг
1. Галлямов Мусо (Русия)

2. Семенюк Иля (Муғулистон)
3. Доляновский Василий (Украина)
3. Қувваталиев Дабрабек (Муғулистон)


Вазни +130 кг
1. Павлик Сергей (Русия)

2. Муталимов Марид (Қазоқистон)
3. Худойназаров Беглӣ (Туркманистон)

XS
SM
MD
LG