Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ: Кӣ бештар дар қудрат аст?


Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аксар кишварҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки раҳбаронашон пайваста барои солҳои зиёди ҳукуматдорӣ ва саркӯби дигарандешон танқид мешаванд.

Дар раддабандие, ки телевизиони "Настояшее Время", як бахши Радиои Озодӣ, дуруст кардааст, Александр Лукашенко аз Белорус бо 26 сол собиқаи раҳбарӣ дар зинаи аввал ҷой гирифтааст. Ин ҳисоб то замони савгандёдкунии махфии ӯро дар бар мегирад. Вай ҳарчанд худро барандаи интихоботи 9-уми август дар Белорус эълон кардааст, мухолифон ва кишварҳои ғарбӣ пирӯзиашро эътироф намекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, низ бо 26 соли раёсати ҷумҳурӣ дар ҷойгоҳи дувум аст. Бар илова, ӯ ду сол раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.

Дар радаи севум Владимир Путин бо 21 соли кор ҳамчун президент-нахуствазир-президенти Русия қарор гирифтааст.

Мақомоти ин кишварҳо ҳамвора будани раҳбарони худро дар сари қудрат муҳим шумурда, суботу амнияти давлатро ба онҳо рабт додаанд, вале ба назари Шумо, чаро онҳо бештар дар қудрат мондаанд, ё мондан мехоҳанд?

XS
SM
MD
LG