Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрахон ва Бозоралӣ тасмим гирифтанд, ки ба интихобот мераванд, вале бо ҳадафҳои гуногун. ВИДЕО


Ҷӯрахон Кабиров гуфт, ба рағми ноадолатиҳо ба интихобот меравад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Ҷӯрахон Кабиров, сокини 69-солаи шаҳри Кӯлоб, ки ҳамчун фаъоли ҷамъиятӣ аз камбудҳои шаҳр доим ба мақомот муроҷиат мекунад, дар арафаи интихобот аввал тасмим дошт, ба ин маъракаи сиёсӣ намеравад. Мегӯяд, ноадолатиҳои иҷтимоӣ ӯро водор кард, ки тасмимашро дигар кунад.

"Ман дар интихобот иштирок карданӣ набудам, лекин мебинам, ҳама чиз ғайриқонунӣ аст. Маҷбур шудам, рафта иштирок кунам. Иштирок мекунам, аммо ба панҷ номзад овоз намедиҳам", -- нақл кард ӯ.

Ҷӯрахон Кабиров, ки мегӯяд, зиёда аз 40 соли умраш дар мубориза ба ноадолатиҳо гузаштааст, зиёд бовар надорад, ки интихобот шаффоф баргузор шавад. Аз таҷрибаи гузаштаи худ мисол меорад: "Дар ҷамоати худамон узви коммисия будам. Дар рафти интихобот 300 варақаро қапидам, ки одамон ғайриқонунӣ мехостанд ба сандуқ партоянд. Як кас аз тани 50 кас. Онҳоро қапидам, лекин коре, ки хостанд, ҳамон тавр ҳал карданд."

Ба фарқ аз Ҷӯрахон Кабиров, сокини дигари шаҳри Кӯлоб Бозоралӣ Ашӯров бар он аст, ки интихобот одилона мегузарад. Ин деҳқон бо вуҷуди он ки дар арафаи интихоботи 7 соли пеш заминҳои хоҷагияшро аз даст додааст, бо умеди ояндаи хуб ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ меравад.

“Мо алакай бо аҳли хонавода шахси арзандаро интихоб кардаем. Шахси арзанда вуҷуд дорад дар миёни номзадҳо”, -- гуфт Бозоралӣ Ашӯров.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр доир мешавад ва 5 номзад сабти ном шудаанд. Интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистонро бештари созмонҳои хориҷӣ мисли қаҳрамони якуми мо ношаффоф гуфтаанд. Аммо мақомот ҳамвора мисли қаҳрамони дувуми гузориш онро одилона медонанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҷӯрахон Кабиров гуфт, ба рағми ноадолатиҳо ба интихобот меравад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

XS
SM
MD
LG