Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзи хомӯшӣ" дар Тоҷикистон


Акси номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон

Маъракаи пешазинтихоботии номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон ба поён расид. 10-уми октябр "рӯзи хомӯшӣ" аст ва ҳизбҳо ҳақ надоранд, номзадҳояшонро таблиғ кунанд.

Таблиғи номзадҳо ҳудуди 25 рӯз давом кард. Ба ҷуз аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, барномаи чаҳор номзади дигар бо вохӯрӣ бо гуруҳи хурди мардум маҳдуд шуд ва он ҳам мулоқоте, ки Комиссияи марказии интихобот ташкил кардааст.

Эмомалӣ Раҳмонро дар ин вохӯриҳо шахсони боэътимодаш намояндагӣ мекарданд ва худи раиси ҷумҳур дар як вақт ба минтақаҳо сафар дошт. Мунтақидони Раҳмон мегӯянд, сафарҳои пайиҳами ӯ ба ноҳияҳо ва иштирокаш дар кушодани чанд иншоот як бахши барномаи пешазинтихоботии президенти кунунӣ аст. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин сафарҳо "шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон аст".

Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби президенти Тоҷикистон чаҳор нафар – Рустам Латифзода, Мироҷ Абдуллоев, Абдуҳалим Ғаффорзода ва Рустам Раҳматзода – рақобат мекунанд. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, яке аз довталабон буд, вале ба далели, ба гуфтаи мақомоти Кумисюни марказии интихобот, "мушкил дар санадҳо" ба марҳилаи асосии сабқат роҳ наёфт.

Ҳизби сотсиал-демократ, ягона нерӯи мухолиф дар дохили кишвар интихоботро бойкот ё таҳрим кардааст. Ягона номзади мустақил Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси 30-сола аз Хоруғ, бо далели ҷамъ наовардани 260 ҳазор имзо аз идомаи мубориза даст кашид.

Номзадҳои сабтшудаи интихобот мегӯянд, талош карданд, барномаи худро ба мардум расонанд ва акнун мунтазири натиҷаҳо мешаванд. Ҳеч яке аз номзадҳо тахмин намекунад, ки дар интихобот чанд дарсад раъй мегирад.

Рустам Латифзода, раис ва номзади Ҳизби аграрӣ гуфт, “интизории мо ин аст, ки раъйи бештари мардумро ба даст орем.”

Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳам мегӯяд, “рӯзи душанбе маълум мешавад.”

Коммунистҳои Тоҷикистон бо инки аз ғалаба суҳбат мекунанд, аз ҳоло барои худ мақоми дувумро ихтисос додаанд. “Умед дорам, ҷойи дувумро ҳатман мегирем,” – гуфт Заррагул Мирасанова, муовини раиси Ҳизби комунист.

Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯянд, нуқтаҳои интихоботӣ барои гузарондани ин маъракаи сиёсӣ омодаанд. Дар КМИРТ гуфтанд, нуқтаҳои раъйдиҳиро бо ниқоб ва маҳлулҳои беҳдоштӣ таъмин кардаанд.

Дафтари матбуоти КМИРТ гуфт, 3375 нуқтаи интихоботӣ дар дохили кишвар ва 39 қитъаи овоздиҳӣ дар хориҷ ташкил шудааст. Ба гуфтаи мақомот, интихоботи президентии рӯзи якшанберо 145 нозири байналмилалӣ аз панҷ давлат, шаш созмони байналмилалӣ ва ҳашт сафорати муқими Душанбе назорат мекунанд.

Дар миёни нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла 7 намояндаи дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як сохтори вобаста ба САҲА низ ҳастанд. Уилям Романс, муовини сардори ҳайати САҲА, рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз анҷоми интихобот хулосаҳои худро дар гузорише нашр мекунанд.

Баҳои ин ниҳод аз интихоботҳои президентӣ дар давоми солҳои истиқлол ғолибан интиқодӣ буда, овоздиҳиҳо дар ихтилоф бо меъёрҳои интихоботи демократии САҲА арзёбӣ шудаанд.

Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ соати 6-и субҳи 11-уми октябр оғоз шуда, то соати 20 идома мекунад.

Мунтақидону мухолифон мегӯянд, ширкати президенти 68-солаи Тоҷикистон, ки аз соли 1994 дар интихобот ҳамеша баранда эълон шудааст, натиҷаҳои онро аз ҳоло пешгӯишаванда мекунад. Аммо мақомот ин интиқодҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, тақдири интихобот дар дасти мардум аст.

XS
SM
MD
LG