Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи тобистонаи Токио тасмим гирифт, ки хароҷоти баргузории мусобиқотро 284 миллион доллар кам кунад. Дар ин бора ТАСС бо такя ба роҳбари кумитаи тадорукоти Бозиҳо Тоширо Муто хабар додааст.
Ба гуфтаи ин мансабдор, аз ҳисоби кам кардани шумораи шахсони расмии дигар кишварҳо ва намояндагони Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар Бозиҳо сарфа намудани маблағ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, истифодаи равшании иншооти варзишӣ сарфакортар хоҳад буд.
Муто афзуд, ки 284 миллион рақами охирин нест. Ҳаҷми пасандозҳо метавонад афзоиш ёбад.
Дар аввали моҳи сентябр ноиби президенти КБО Ҷон Коутс гуфт, ки Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио новобаста аз пандемияи коронавирус баргузор хоҳад шуд. Вай таъкид кард, ки Ҷопон, ҳамчун кишвари мизбон бо чолиши ҷиддии амниятӣ рӯ ба рӯ мешавад.
Дар бораи он ки Олимпиадаи тобистонаи 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус то соли 2021 мавқуф гузошта шуд, рӯзи 24-уми март маълум шуда буд. Мудири кумитаи тадорукоти Бозиҳо Харуюки Такахаши эҳтимолияти ба таъхир андохтани Бозиҳои олимпиро эътироф намуд. Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки лағви Бозиҳо ғайриимкон аст, зеро ин ба иқтисоди Ҷопон ва ҷаҳон зарбаи азим хоҳад зад.
Ёдовар мешавем, то ҳоло аз Тоҷикистон ду варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев – дар риштаи бокс ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио роҳхат гирифтаанд.