Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Grand Slam Hungary 2020 ширкат хоҳанд кард


Федератсияи байналмилалии ҷудо тақвими силсилаи мусобиқаҳои ҷаҳониро тасдиқ кард, ки дар сомонаи расмии IJF нашр шудааст.

Чунончи, мусобиқаи байналмилалии Grand Slam ё Тоскулоҳи бузург рӯзҳои 23-25-уми октябр дар шаҳри Будапешти Маҷористон (Венгрия) доир мегардад. Дар ин мусобиқа варзишгарон барои гирифтани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио, ки соли 2021 баргузор мешавад, талош меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, барои ширкат дар ин мусобиқаи байналмилалӣ то ҳоло федератсияҳои миллии 81 кишвар дархост додаанд, ки ҳамагӣ 649 варзишгарро дарбар мегирад. Аз он ҷумла, дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар зикр шудааст, ки дар сабқати мардон рақобат хоҳанд кард: Сомон Маҳмадбеков (вазни то 73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопирён (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг).

Инчунин рӯзҳои 11-13-уми декабр чунин мусобиқаи рейтингӣ дар Токиои Ҷопон бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад. То имрӯз барои иштирок дар ин мусобиқа федератсияҳои миллии панҷ кишвар – Чили, Куракао, Миср, Ҳонконги Чин ва Словения - дархост додаанд.

Баъдан, моҳи январи соли 2021 ситораҳои ҷудо дар мусобиқаи “World Judo Masters” дар Давҳаи Қатар ҷамъ меоянд. Дар ҳарсе мусобиқа варзишгарон имкон доранд, ки имтиёзҳои олимпӣ ба даст оваранд.

“Масъалаи саломатии варзишгарон барои мо дар мадди аввал аст ва мо мекӯшем, ки ҳамаи чорабиниҳо бо дарназардошти омӯзиши кишвари мизбон ва ҳолати эпидемиологии ҷаҳон гузаронида шавад”, - омадааст дар изҳороти IJF.

Президенти IJF Мариус Визер гуфтааст, «ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бесаброна интизорем, ки мусобиқаи Гренд Слемро баргузор кунем, албатта бо қоидаҳои муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва беҳтар он аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем. Мо ҳамаи корро, ки бар уҳдаамон аст, иҷро мекунем, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва ҳунарашонро намоиш диҳанд”.

Пас аз чанд моҳи маҳдудиятҳо, ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш яке аз беҳтарин тадбирҳо барои оғози марҳилаи нав мебошад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG