Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби футзали Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё-2020


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии мутахассиси гурҷӣ, сармураббӣ Александр Дзабирадзе омодагиро ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 2-юм то 13-уми декабр дар Кувайт доир мегардад, шуруъ кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Душанбе, ки то рӯзи 10-уми октябр идома меёбад, 18 нафар – 3 дарвозабон ва 15 бозигари майдонӣ - даъват шудаанд.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё-2020, ки мебоист аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқободи Туркманистон баргузор мешуд, ба иллати пандемияи COVID-19 ба рӯзҳои 2-13-уми декабр дар Кувайт гузаронида шуд. Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии футзали Осиё дар Кувайт панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2021 мушарраф мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон бояд аз 12-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2020 дар Литва баргузор мешуд. Аммо Бюрои Шӯрои Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) тасмим гирифт, ки қаҳрамонии футзали ҷаҳонро дар соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир андозад. Ҳамакнун Ҷоми ҷаҳонии футзал аз 12-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2021 баргузор мешавад. Мизбони қаҳрамонии футзали ҷаҳон Литва мебошад.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон 24 даста ширкат хоҳад кард. Намояндагони Осиё муайян нашудаанд, зеро қаҳрамонии қитъавӣ, ки марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон мебошад, низ мавқуф гузошта шуд.

Охирин мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон соли 2016 дар Колумбия баргузор шудааст. Тими миллии Аргентина, ки дар финал мунтахаби Русияро мағлуб кард, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф гардид.

Мутахассиси 44-солаи гурҷӣ Александр Дзабирадзе моҳи январи соли равон сармураббии дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ дар гузашта ба ҳайси бозигар дар бошгоҳҳои футзали «Полигран» (Маскав), «Спартак» (Маскав), «АММК» (Боку), «Ораз» (Боку), «Ансар» (Алмаато), «Иберия Стар» (Тифлис) ҳунарнамоӣ кардааст. Вай дар ҳайати мунтахаби миллии футзали Гурҷистон 65 бозӣ анҷом додааст. Дзабирадзе аз соли 2016 сармураббии дастаи «TMC» (Тифлис) буд, ки дар Лигаи қаҳрамонҳои футзали УЕФА муваффақ шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»-и Хуҷанд), Муродулло Алиқулов («Соро компания»-и Душанбе), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»-и Душанбе);

бозигарони майдонӣ: Муҳаммад Шарипов, Умед Қузиев, Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гулаков, Баҳодур Хоҷаев, Иқбол Воситзода, Парвиз Раҳматов, Алишер Сафаров (ҳама аз «Сипар»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев (ҳарду аз «Муҳоҷир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).

XS
SM
MD
LG