Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Душанбе" ғолиби Лигаи ҳандболи Тоҷикистон шуд


Дастаи "Душанбе".
Дастаи "Душанбе".

Аввалин мусобиқаи Лигаи ҳандболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Душанбе” анҷом ёфт. Ин даста, ки дар ҳамаи 14 бозӣ ғолиб омад, бо касби 28 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ҷойи аввалро соҳиб шуда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт.

Дастаи “Душанбе” дар даври охирин бар тими СКИФ, ки бо касби 24 имтиёз ҷойи дувум ва медалҳои нуқраро азони худ кард, бо ҳисоби 29:27 пирӯз гашт. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ бо касби 20 имтиёз насиби дастаи “Парвоз” шуд, ки дар даври чордаҳум тими “Сокол”-ро бо ҳисоби 30:21 шикаст дод.

Бояд тазаккур дод, Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи варзиши кишвар Лигаи ҳандболро таъсис дод. Мусобиқа миёни ҷавонон доир гардид ва дар он ҳашт даста ширкат дошт. Бозиҳо дар ду марҳила сурат гирифт ва дастае, ки имтиёзҳои бештар ба даст овард, ғолиб шуд.

Ба иттилои Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, раиси Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон, аз ҳисоби бозигарони моҳир дастаи мунтахаби Тоҷикистон таркиб ёфта, дар оянда дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шарафи кишварро ҳимоя хоҳад кард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ниҳоии мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Таносуби тӯбҳо

И

1

"Душанбе"

14

14

0

0

502-293 (+209)

28

2

СКИФ

14

12

0

2

427-333 (+94)

24

3

"Парвоз"

14

10

0

4

409-361 (+48)

20

4

"Погранчӣ"

14

6

0

8

363-349 (+14)

12

5

"Ҳисор"

14

6

0

8

333-403 (-70)

12

6

"Сарез"

14

4

0

10

297-388 (-91)

8

7

"Марко Поло"

14

2

0

12

322-407 (-85)

4

8

"Сокол"

14

2

0

12

319-438 (-119)

4

XS
SM
MD
LG