Мақомоти Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ мегӯянд, ба парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Истанбул иҷозат додаанд. Як мақоми ин ниҳод рӯзи 2-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ширкатҳои "Turkish Airlines" ва "Сомон Эйр" иҷозат дода шудааст, ки дар як ҳафта як парвозӣ ба Истамбул анҷом диҳанд.
Ба қавли манбаъ, ширкатҳо муваззаф шудаанд, ки парвозҳоро бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ анҷом диҳанд.
Ширкатҳои "Туркиш Эйрлайн" ва "Сомон Эйр" то ҳол дар бораи нархи билетҳо ва рӯзи аввали парвоз расман шарҳе надодаанд. Аммо хабаргузории "Азия-плюс" дар такя ба манобеаш навиштааст, рӯзи 8-уми октябр аввалин парвоз ба Истанбул анҷом мешавад.
Дар намояндадгии ширкати Туркиш Эйрлайн дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз рӯи тартиб рӯзҳои душанбе ҳавопаймои ин ширкат ва рӯзҳои панҷшанбе "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Истанбул парвоз анҷом медиҳад. Ба гуфтаи онҳо, нархи билетҳо ҳанӯз маълум нест.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 19-уми март ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ҳама парвозҳои байналмилалӣ, аз ҷумла парвозҳо ба Истанбулро манъ карданд. То қатъи парвозҳо ҳамарӯза аз Душанбе ба Истанбул парвозҳо анҷом мешуд.
То имрӯз мақомот танҳо парвозҳои мустақим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабро иҷозат додаанд. Ҳамчунин ба Русия парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешавад.
Мақомот мегӯянд, ҳоло азсаргирии парвозҳои маъмулиро бо Русияву Чин ва кишварҳои дигар баррасӣ доранд. Дар Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон мунтазири бозгашт ба кишвар ҳастанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!