Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истаравшан" дар лигаи олӣ монд, вале "Регар" ба лигаи аввал мегузарад


Дастаи "Истаравшан"-и Истаравшан.
Дастаи "Истаравшан"-и Истаравшан.

Даври понздаҳуми мавқуфгузоштаи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.

Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки дар майдони худ бар тими «Файзканд»-и Восеъ бо ҳисоби бузурги 5:2 ғолиб омад, дар ҷадвали мусобиқа бо касби 16 имтиёз ба зинаи ҳафтум баромад ва мавқеашро дар Лигаи олӣ нигаҳ дошт.

Бозӣ миёни дастаҳои «Истаравшан» ва «Файзканд» рӯзи сешанбе, 29-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуд. Ҳамаи панҷ голи мизбононро капитан ё сарвони даста Илҳом Баротов ба самар расонд, ки ин аввалин пента-трик дар мавсим мебошад. Баротов бо 17 гол дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа дар ҷойи аввал аст.

Чаҳор бозии дигари даври понздаҳум, ки рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр, баргузор шуд, бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт:

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» - 1:2,

«Кӯктош» – «Истиқлол» - 1:1,

«Хатлон» – «Локомотив-Помир» - 0:0,

ССКА – «Душанбе-83» - 3:1.

Ба ин тартиб, то анҷоми мусобиқаи 29-уми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ як даври дигар мондааст. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар 17 бозӣ 42 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро азони худ кард. “Истиқлол” бори нӯҳум қаҳрамони Тоҷикистон гардид.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки ду давр пеш аз анҷоми мусобиқа кафолати гирифтани медалҳои нуқраро ба даст овард, ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2021 мушарраф гашт. “Хуҷанд” бо касби 35 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи дувум қарор дорад.

Барои ҷойи севум дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Хатлон»-и Бохтар ва ССКА-и Душанбе талош доранд. Барандаи медалҳои биринҷӣ дар даври охирини мусобиқаи лигаи олӣ – 4-уми октябр – муайян хоҳад шуд.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки бо касби 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи охирин – даҳум – қарор дорад, шонси дар лигаи олӣ монданро аз даст дод ва соли оянда дар лигаи аввал бозӣ хоҳад кард. Зимнан, “Регар-ТадАЗ” бори аввал дар таърихи худ лигаи олиро тарк намуд.

Боз як дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2020 бо лигаи олӣ хайру хуш мекунад, дар бозии даври охирин миёни дастаҳои «Файзканд» ва «Локомотив-Помир» маълум хоҳад шуд. Барои нигаҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ дар ин бозӣ “Файзканд”-ро натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад, ба «Локомотив-Помир» бошад, танҳо ғалаба зарур аст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 15-ум

«Истаравшан» – «Файзканд» – 5:2

Голҳо: Илҳом Баротов, 11 – аз пеналтӣ (1:0). Илҳом Баротов, 51 (2:0). Илҳом Баротов, 68 (3:0). Аббос Икромов, 86 (3:1). Илҳом Баротов, 90+2 (4:1). Илҳом Баротов, 90+4 (5:1). Шарафҷон Солеҳов, 90+5 (5:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Илҳом Баротов («Истаравшан»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

29 сентябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 64 (0:1). Парвизҷон Алиев, 77 (0:2). Доробҷон Эргашев, 78 (1:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

30 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

«Кӯктош» – «Истиқлол» – 1:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 16 – аз пеналтӣ (0:1). Далер Ёдгоров, 70 (1:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Далер Ёдгоров («Кӯктош»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

30 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

«Хатлон» – «Локомотив-Помир» – 0:0

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сиёвуш Асроров («Локомотив-Помир»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

30 сентябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

ССКА – «Душанбе-83» – 3:1

Голҳо: Мунир Давлатбеков, 1 (1:0). Фирӯз Бобиев, 40 – аз пеналтӣ (2:0). Элчибек Рашидбеков, 62 – аз пеналтӣ (2:1). Шервонӣ Мабатшоев, 85 (3:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шамсиддин Қосимов (ССКА).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

30 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

17

13

3

1

59-10

42

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

17

11

2

4

29-21

35

3

ССКА (Душанбе)

17

7

5

5

27-24

26

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

17

6

7

4

26-22

25

5

«Хатлон» (Бохтар)

17

6

7

4

26-23

25

6

«Душанбе-83» (Душанбе)

17

5

5

7

19-27

20

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

17

4

4

9

28-37

16

8

«Файзканд» (Восеъ)

17

3

7

7

16-31

16

9

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

17

3

5

9

14-25

14

10

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

17

3

3

11

19-43

12

Нишонзанҳо: Илҳом Баротов («Истаравшан») – 17 тӯб, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 14 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб.

Даври 18-ум

4 октябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:30

«Файзканд» – «Локомотив-Помир»

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – ССКА

«Истаравшан» – «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG