Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Баротов, ҳамлагари "Истаравшан", ба дарвозаи "Файзканд" 5 гол зад


Дастаи "Истаравшан".

Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки дар бозии даври понздаҳуми мавқуфгузоштаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими «Файзканд»-и Восеъ бо ҳисоби бузурги 5:2 ғолиб омад, дар ҷадвали мусобиқа бо касби 16 имтиёз ба ҷойи ҳафтум баромад.

Бозӣ миёни дастаҳои «Истаравшан» ва «Файзканд» рӯзи сешанбе, 29-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуд. Ҳамаи панҷ голи мизбононро капитан ё сарвони даста Илҳом Баротов ба самар расонд, ки ин аввалин пента-трик дар мавсим мебошад. Баротов бо 17 гол дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа ба ҷойи аввал баромад.

Чаҳор бозии дигари даври мавқуфгузоштаи понздаҳум имрӯз, 30-юми сентябр, баргузор мешавад:

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

«Кӯктош» «Истиқлол»

«Хатлон» – «Локомотив-Помир»

ССКА – «Душанбе-83»

Ба ин тартиб, то анҷоми мусобиқаи 29-уми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ду даври дигар мондааст. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар 16 бозӣ 41 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро азони худ кард. “Истиқлол” бори нӯҳум қаҳрамони Тоҷикистон ва бори ҳафтум пайиҳам соҳиби медалҳои тиллои мусобиқаи Лигаи олӣ гардид.

Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки ду давр пеш аз анҷоми мусобиқа кафолати гирифтани медалҳои нуқраро ба даст овард, ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC-2021 мушарраф гашт. “Хуҷанд” бо касби 32 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи дувум қарор дорад.

Мубориза барои ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ миёни дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Хатлон»-и Бохтар ва ССКА-и Душанбе авҷ хоҳад гирифт.

Чаҳор даста – «Истаравшан»-и Истаравшан, «Файзканд»-и Восеъ, «Локомотив-Помир»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - барои нигаҳ доштани мавқеи худ дар Лигаи олӣ талош меварзанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 15-ум

«Истаравшан» – «Файзканд» – 5:2

Голҳо: Илҳом Баротов, 11 – аз пеналтӣ (1:0). Илҳом Баротов, 51 (2:0). Илҳом Баротов, 68 (3:0). Аббос Икромов, 86 (3:1). Илҳом Баротов, 90+2 (4:1). Илҳом Баротов, 90+4 (5:1). Шарафҷон Солеҳов, 90+5 (5:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Илҳом Баротов («Истаравшан»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

29 сентябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

16

13

2

1

58-9

41

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

10

2

4

27-20

32

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

16

6

6

4

25-21

24

4

«Хатлон» (Бохтар)

16

6

6

4

26-23

24

5

ССКА (Душанбе)

16

6

5

5

24-23

23

6

«Душанбе-83» (Душанбе)

16

5

5

6

18-24

20

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

17

4

4

9

28-37

16

8

«Файзканд» (Восеъ)

17

3

7

7

16-31

16

9

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

16

3

4

9

14-25

13

10

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

3

3

10

18-41

12

Нишонзанҳо: Илҳом Баротов («Истаравшан») – 17 тӯб, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб.

Тақвими бозиҳои боқимондаи қаҳрамонии Тоҷикистон:

Даври 15-ум

30 сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣсоати 15:30

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

«Кӯктош» – «Истиқлол»

«Хатлон» – «Локомотив-Помир»

ССКА – «Душанбе-83»

Даври 18-ум

4 октябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:30

«Файзканд» – «Локомотив-Помир»

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – ССКА

«Истаравшан» – «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG