Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи оғози эстафетаи машъали олимпӣ маълум шуд


Эстафетаи машъали олимпӣ 25-уми марти соли 2021 дар префектураи Фукусима оғоз ёфта, 121 рӯз идома хоҳад кард. Дар ин бора сайти кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар Токио хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, эстафета аз маркази тамринии футбол дар шаҳри Фукусима шуруъ шуда, сипас ба тамоми 47 префектураи (минтақаҳои маъмурӣ) Ҷопон сафар мекунад.

Хабар дода мешавад, кумитаи тадорукоти Бозиҳо барои таъмини эстафетаи бехатар ва боэътимод як қатор чораҳоро меандешад, ки ба онҳо пандемияи коронавирус таъсир расонида натавонад. Ғайр аз ин, кумитаи тадорукот шаклҳои ташкили эстафетаи содда кардашуда ва самарабахши машъали олимпиро меомӯзад.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи Токио ибтидо бояд моҳҳои июл-августи соли 2020 баргузор мешуд, аммо бинобар пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG