Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона аз дастаи Узбекистон мағлуб шуд


Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии дувуми дӯстона аз мунтахаби наврасони Узбекистон (U-16) бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Бозии дувуми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд баргузор шуд.

Ҳисобро дар ин дидор Шаҳзод Акрамов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 5-ум кушод. Хуршед Давлатзода, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 42-юм аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Голи дуюми мунтахаби наврасони Узбекистонро Пулотҷон Ҷумъахонов дар дақиқаи 84-ум ба самр расонд.

Ёдовар мешавем, бозии аввали дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбекистон, ки рӯзи панҷшанбе, 21-уми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд доир гардид, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Голи ягонаро Хусрав Тоиров дар дақиқаи 38-ум ба ҳадаф расонд.

Ба иттилои Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, бозиҳои дӯстонаи футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Узбекистон дар доираи омодагии даста ба қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони то 16-сола доир гардид.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 16-сола, ки мебоист аз 25-уми ноябр то 12-уми декабри имсол дар Баҳрайн баргузор мешуд, ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Тибқи натиҷаҳои қуръакашии қаҳрамонии Осиё мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамроҳи дастаҳои Умон, Яман ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба гурӯҳи "В" шомил аст.

Бозии дуюми дӯстона

Тоҷикистон (U-16) – Узбекистон (U-16) – 1:2

Голҳо: Шаҳзод Акрамов, 5 (0:1). Хуршед Давлатзода, 42 – аз пеналтӣ (1:1). Пулотҷон Ҷумъахонов, 84 (1:2).

Тоҷикистон (U-16): Суҳробхуҷа Юсупов (Сафармад Ғаффоров, 46), Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода (Рузимуҳаммад Абдураҳмонов, 87), Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло (Ҳукмиддин Шомуродов, 46), Хуршед Давлатзода (Муҷовид Шовайсуддинов, 64), Аббос Андалибов, Кабир Салимшоев (Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 87), Хусрав Тоиров, Меҳрубон Каримов (Бежан Нишонбойзода, 46), Суннатулло Азизов (Асадбек Ҷӯрабекзода, 64).

Узбекистон (U-16): Асрорбек Кенҷаев, Тоҳирбек Тухтасинов, Миркомил Абдураззоқов, Абдуқодир Хусанов, Асан Ваниев, Муҳаммадалӣ Усмонов (Нодирбек Абдураззоқов, 70), Алишер Хайруллоев (Муҳриддин Фазлиддинов, 80), Риан Исмоилов, Шаҳзод Акрамов (Пулотҷон Ҷумъахонов, 52), Асадбек Қаҳҳорҷонов (Асадбек Беглархонов, 80), Муҳаммадалӣ Уринбоев (Рустам Турдимуродов, 70).

Огоҳӣ: Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Меҳрубони Абдурауф, Бежан Нишонбойзода, Асадбек Ҷӯрабекзода (Тоҷикистон), Миркомил Абдураззоқов, Тоҳирбек Тухтасинов, Асадбек Қаҳҳорҷонов (Узбекистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Асан Ваниев (Узбекистон), 90 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Хуршед Дадабоев (Тоҷикистон).

24 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

XS
SM
MD
LG