Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дӯстона Узбекистонро мағлуб кард


Дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон ва Узбекистон.
Дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон ва Узбекистон.

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қаҳрамонии Осиё, ки қисми ниҳоии мусобиқа ба соли оянда гузаронида шуд, бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии аввали дӯстона бар мунтахаби наврасони Узбекистон (U-16) бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Бозии дӯстонаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Узбекистон рӯзи душанбе, 21-уми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд доир гардид. Голи ягонаро Хусрав Тоиров дар дақиқаи 38-ум ба самар расонд.

Бозии дувуми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 16-сола, ки мебоист аз 25-уми ноябр то 12-уми декабри имсол дар Баҳрайн баргузор мешуд, ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Тибқи натиҷаҳои қуръакашии қаҳрамонии Осиё мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамроҳи дастаҳои Умон, Яман ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба гурӯҳи "В" шомил аст.

Бозиҳои дӯстона

Тоҷикистон (U-16) – Узбекистон (U-16) – 1:0

Гол: Хусрав Тоиров, 38

Тоҷикистон (U-16): Сафармад Ғаффоров, Фахриддин Аҳтамов, Ҳукмиддин Шомуродов (Шаҳриёри Иноятулло, 80), Бежан Нишонбойзода (Хуршед Давлатзода, 70), Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалибов (Меҳрубон Каримов, 80), Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев (Азизбек Далиев, 80), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Суннатулло Азизов, 70), Муҷовид Шовайсуддинов (Асадбек Ҷӯрабекзода, 84).

Узбекистон (U-16): Асрорбек Кенҷаев, Суннатилло Поёнов (Тоҳирбек Тухтасинов, 60), Миркомил Абдураззоқов (Вазген Погосян, 83), Абдуқодир Хусанов, Асан Ваниев, Муҳаммадалӣ Усмонов (Пулотҷон Ҷумъахонов, 70), Алишер Хайруллоев (Асадбек Беглархонов, 83), Риан Исмоилов, Шаҳзод Акрамов, Асадбек Қаҳҳорҷонов, Рустам Турдимуродов (Муҳаммадалӣ Уринбоев, 83).

Огоҳӣ: Суннатилло Поёнов, Абдуқодир Хусанов (Узбекистон).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Тоҷикистон).

21 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

24-уми сентябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Тоҷикистон (U-16) – Узбекистон (U-16)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG