Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар муноқишаи мухлисони футбол дар Хоруғ 21 нафар маҷруҳ шудааст


Намое аз шаҳри Хоруғ.

Бино бар маълумоти расмӣ, дар як муноқиша миёни мухлисони ду дастаи футбол дар маркази Вилояти Бадахшон 21 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва чанд бинои маъмурӣ осеб дидааст. Ҳодиса бегоҳи 19-уми сентябр дар майдончаи варзишии мактаби рақами 2-и Хоруғ рӯй додааст.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт, ки муноқиша баъди мусобиқаи футбол миёни мухлисони дастаҳои "Гулакен" ва "Хоруғи боло"-и сар задааст. Дар баёния омадааст: "Дар натиҷаи сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд” ва даҳҳо шишаи тирезаи мактаби рақами 2 ва хонаҳои атроф шикастаанд. Ба гуфтаи вазорат, “6 автомашинаи шаҳрвандон зарар бардошта, 6 тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 шишаи тирезаи бинои "Амонатбонк" шикаста шудааст."

Мақомот мегӯянд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва омилони ҳодисаро ҷустуҷӯ доранд. Гулрӯз Наврӯзов, мудири мактаби рақами 2 ба Радиои Озодӣ гуфт, бозии футбол хуб гузашт, вале бар сари натиҷаи бозӣ ҷанҷол бархост. Наврӯзов гуфт, дастаи "Гулакен" дастаи маҳаллаи "Хоруғи боло"-ро ба ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод ва баъд аз он муноқиша сар зад.

"Сангпартоӣ байни мухлисон сар шуду он тарафаш шикастани тирезеҳо ва дод задан. Як тараф бой дод, сар шуд ҷангу дашному бетартибӣ. Ҳодиса 10-15 дақиқа давом кард ва баъд ба роҳи асосӣ баромаданд, ҷангу ҷанҷолу сангзанӣ шуд" - гуфт мудири мактаб. Гулрӯз Наврӯзов афзуд, мақомот омаданд тирезаҳои шикастаи мактабро диданд ва зарарро ҳисоб карданд. Як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, сангпартоӣ дар маркази шаҳр дар рӯ ба рӯи Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ қариб як соат давом кардааст. Ҳеҷ яке аз онҳое, ки дар ҷанҷол ширкат кардаанд, то ҳол нагуфтаанд, ки сабаби ҷанҷолу даъвояшон чӣ буд.

Яке дигариро гунаҳкор мекунад

Хурсанд, як сокини маҳаллаи Хоруғи боло ба Радиои Озодӣ гуфт, мусобиқаи футбол миёни маҳаллаҳои Хоруғ ҳар сол баргузор мешавад, вале имсол ба ҷанҷол печид. Ҳамсуҳбати мо мухлисони дастаи “Гулекан”-ро сабабгори ҷанҷол номид, ҳарчанд мухлисони ин даста гуфтанд, ки баръакс ҳаводорони дастаи муқобил баъди шикаст хӯрдан муноқиша карданд.

Як ҳамсуҳбати мо дар Хоруғ гуфт, мақомоти қудратӣ ба ҷанҷол дахолат накарданд. Дар хабарномаи вазорати корҳои дохилӣ ҳам дар ин бора ишорае нашудааст. Чанд нафар аз сокинони Хоруғ гуфтанд, ҷанҷол бо дахолати фаъолони маҳаллаҳо хомӯш шудааст. Масъулини беморхонаи вилояти Бадахшон гуфтанд, баъди муноқиша ба беморхонаҳои шаҳри Хоруғ ягон нафар муроҷиат накардааст.

Мақомоти вилояти Бадахшон дар ин бора ҳануз чизе нагуфтаанд. Масъулини дафтари матбуоти ҳукумати вилоят ба зангҳои пайдарпайи Радиои Озодӣ посух надоданд. Шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст ва дар гузашта ҳам шоҳиди муноқиша ва эътирози ҷавонон шудааст. Аз соли 2018 дар ин шаҳр постгоҳҳои кормандони ниҳодҳои қудратӣ амал мекунад.

Коршиносон мегӯянд, набуди ҷойи кор ва мушкилиҳои иҷтимоӣ ҷавононро эҳсосотӣ ва асабонӣ кардааст ва андаке нофаҳмӣ метавонад, бо муноқиша анҷомад. Рамзия Мирзобекова, хабарнигору таҳлилгар ва сокини шаҳри Хоруғ гуфт, муноқишаҳо баъд аз бозии футбол дар ҳама кишварҳо сар мезанад, вале мушкили иҷтимоӣ ҳам метавонад, боиси чунин ҳодисаҳо шавад.

Ба гуфтаи хонум Мирзобекова, «ҷавонон кор надоранд, бо ягон чиз машғул нестанд, ин як чизи табиӣ аст, ки як энергия доранд ва дар баъзе ҳолатҳо вай берун мебарояд ва ягон нофаҳмӣ ва муноқишаҳо мешавад. Махсусан дар шароити коронавирус, ки на ба Русия рафта метавонанд, на ба ҷойи дигар. Ин проблемаҳо бояд бардошта ва роҳи ҳалаш пайдо карда шавад.”

XS
SM
MD
LG