Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахабҳои наврасони Тоҷикистону Узбекистон ду бозии дӯстона баргузор мекунанд


Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба қаҳрамонии Осиё, ки қисми ниҳоии мусобиқа ба соли оянда гузаронида шуд, бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев баргузории ду бозии дӯстонаро бо мунтахаби наврасони Узбекистон (U-16) ба нақша гирифтааст.

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Узбекистон рӯзҳои 21-ум ва 24-уми сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд доир мегардад.

Ёдовар мешавем, дар ин варзишгоҳ қаблан дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо мунтахаби ҷавонони Узбекистон (U-19) ду бозии дӯстона анҷом дода буд. Дар бозии аввал футболбозони ҷавони узбек бо ҳисоби 1:0 ва дар бозии дувум бозигарони тоҷик бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуданд.

Қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 16-сола, ки мебоист аз 25-уми ноябр то 12-уми декабри имсол дар Баҳрайн баргузор мешуд, ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Тибқи натиҷаҳои қуръакашии қаҳрамонии Осиё мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамроҳи дастаҳои Умон, Яман ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба гурӯҳи "В" шомил аст.

Бозиҳои дӯстона

21-уми сентябр (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Тоҷикистон (U-16) – Узбекистон (U-16)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

24-уми сентябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Тоҷикистон (U-16) – Узбекистон (U-16)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG